Нахустин нишасти гурӯҳҳои дӯстии парлумонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пас аз 30 сол

© © Sputnik / Рамиз БахтияровФлаг Таджикистана и Узбекистана, архивное фото
Флаг Таджикистана и Узбекистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳе аз намояндагони Маҷлиси миллии Ӯзбекистон рӯзҳои наздик барои баргузории нишасти муштарак бо ҳамтоёни тоҷики хеш ба шаҳри Душанбе меоянд

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ин нахустин нишасти гурӯҳҳои дӯстии парлумонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар сӣ соли ахир аст, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон. 

Премьер-министры Узбекистана и Таджикистана Абдулла Арипов и Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон
Баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе

Ҳайати парлумонии Ӯзбекистон ба сарпарастии Улуғбек Иноятов-масъули кумитаи улум, омӯзиш, фарҳанг ва варзиши парлумони ин кишвар дар дидор бо гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба сарпарастии Дилрабо Мансурӣ-муовини маҷлиси қонунгузории ин кишвар, тақвияти ҳамкории маҷлисҳои ин ду ҷумҳуриро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Ҳамчунин дидори ҳайати парлумонии Ӯзбекистон бо масъулони маҷлисҳои Миллӣ ва Намояндагон ва ҳукумати Тоҷикистон дар назар аст.

Бар асоси ин барнома намояндагони Маҷлиси миллии Ӯзбекистон аз маконҳои таърихӣ ва ҷозибаҳои гардишгарӣ ва марказҳои саноъатии Тоҷикистон низ дидан мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала