Нигаронии Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз афзоиши мубталоён ба Ковид-19 дар Тоҷикистон

© Claudio FurlanВрачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии
Врачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон аз афзоиши мубталоён ба Ковид-19 ва илтиҳоби шуш дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Бахтигул Қориева гуфтааст, ки дар ду-се ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон теъдоди озмоишҳои таъйидшудаи афроди мубтало ба Ковид-19 ва илтиҳоби шуш рӯ ба афзоиш аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Работа российских военных врачей в полевом госпитале Бергамо - Sputnik Тоҷикистон
Омори нави вазорат: дар Тоҷикистон боз 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардид

Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон афзудааст, ки агар дар ин кишвар дар оғози мушоҳидаи нахустин мавриди ибтило ба бемории корона танҳо як озмоишгоҳи тахассусӣ фаолият мекард, акнун теъдоди ин марокиз ба ҳашт воҳид расида, ки чаҳор озмоишгоҳ дар шаҳри Душанбе ва бақия дар манотиқи ин кишвар фаъол аст.

Бахтигул Қориева ёдовар шуд, ки Тоҷикистон дар моҳи май марҳилаи авҷи ибтило ба вируси коронаро пушти сар гузошт ва акнун шумори афроди мубтало ба ин беморӣ дар кишвар ҳар шабонарӯз  байни 30 то 40 нафар аст.

Мутахассиси ӯзбек: коронавирус сабук мегузарад, агар бемор алайҳи зуком эм гирифта бошад

Вай дар айни ҳол дар бораи эҳтимоли густариши мавҷи дуввуми ин беморӣ дар Тоҷикистон бо оғози фасли тирамоҳ ибрози нигаронӣ кардааст. 

Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон бо ишора ба камбуди катҳои ташхиси Ковид-19 дар кишвар гуфт, ки бо кӯмаки Созмони ҷаҳонии беҳдошт талош мешавад, ки аз ибтилои қишрҳои осебпазири ҷомеа ва донишомӯзони мадорис ба вируси корона ҷилавгирӣ шавад.

Қориева ба мақомоти Тоҷикистон тавсия кардааст, ки дар рӯзи 11 октябр ва баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар муқаррароти беҳдоштӣ ва фосилагузории иҷтимоӣ дар маҳалҳои раъйгирӣ риоят кунанд.

Лентаи хабарҳо
0