Ҷазои ҷавони 20-сола барои алоқаи ҷинсӣ бо духтари 14-сола дар Душанбе

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Фараҳбахш Қурбонзодаи 20-соларо барои алоқаи ҷинсӣ бо духтари синнаш ба 16 норасида ба се соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Қурбонзода Фараҳбахши 20-сола аввалҳои моҳи апрели соли 2020 бо ноболиғи 14-сола, ки дар хобгоҳи ҶСК “Нассоҷии тоҷик” ҳамроҳи волидайнаш зиндагонӣ мекард, нафси шаҳвонияшро қонеъ кардааст.

Преступник за решеткой - Sputnik Тоҷикистон
Коррупсионер: Додгоҳ корманди гумруки шаҳри Душанберо ба 20 соли зиндон маҳкум кард

Манбаъ афзуд, ки Қурбонзода духтари ноболиғро ба даруни айвонхонаи назди баромадгоҳи ошёнаи 2-юм, ки ҷойи торик аст, дароварда, бо номбурда алоқаи ҷинсӣ намудаст.

“Ба ғайр аз ин, 3 июни соли 2020, соати 19:05 дақиқа Қурбонзода Ф. кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, дидаю дониста, ки ноболиғ М.Ҳ. ҳануз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст, ӯро ба ҳуҷраи хобаш дароварда, ба таври ғайритабии алоқаи ҷинсӣ намуда, нафси шаҳвонии худро қонеъ мекунад”, - омадааст дар иттилоия.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Қурбонзода Фараҳбахшро бар асоси моддаи 141 қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ таъйин кардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала