Ду садамаи маргбор дар як рӯз: дучархарон ва ноболиғ ҷон доданд

CC0 / Pixabay / Сломанный велосипед, архивное фото
Сломанный велосипед, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор дар ҷумҳурӣ хабар дод, ки 19 сентябр рух додаанд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ронандаи “Мерседес-Бенс”, Саидов Воҳид, сокини 35-солаи  шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Панҷ ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ дучархарони 22-соларо зер кардааст.

Турнир ФМР - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзии “Гурги куҳӣ” аз Тоҷикистон дар Дубай бар Нуриддин Самир-видео

Манбаъ афзуд, ки  дучархарон Маҳмадиев Фирӯз, зодаи соли 1998, сокини ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун, дар пайи ин садама ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои ВУД, ҳодисаи дигари маргбор 19-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 20:00 рух дод.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Ахмедов Абдуназар, сокини 38-солаи ҷамоати деҳоти Кулқанди ноҳияи Исфара, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Гулистони ҷамоати деҳоти мазкур бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, Шокиров Диловарҷон Дилшодович, соли таваллудаш 2008, сокини ҷамоати деҳоти Кулқандро, ки аз тарафи чап ба тарафи рости роҳ мегузашт, пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кард, ки дар натиҷа пиёдагард Шокиров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Лентаи хабарҳо
0