Рустами Эмомалӣ ва Иноятов дурнамои муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд

© дафтари матбуоти Маҷлиси миллии ТоҷикистонМулоқоти Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо Улуғбек Иноятов, муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо Улуғбек Иноятов, муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, дар мулоқот бо ҳайати Ӯзбекистон таҳти раёсати Улуғбек Иноятов, муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси ин кишвар густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Встреча Махмадтоира Зокирзода с Улугбеком Иноятовым - Sputnik Тоҷикистон
Зокирзода: миёни Душанбеву Тошканд барои ҳамкорӣ тамоми шароит фароҳам аст

Зикр шудааст, ки солҳои охир равобити миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев торафт густаришу таҳким ёфта, уфуқҳои нав ба навро касб менамояд.

Манбаъ афзуд, ки иштирокчиёни вохӯрӣ ба масъалаи рушду инкишофи ҳамкориҳо, дар аксар соҳаҳои мавриди назар, бахусус парламентаризм диққати хос зоҳир намуданд.

“Дар мулоқот таъкид гардид, ки самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар бахши парламентаризм бениҳоят фарох буда, аз ҷумла соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва ғайраҳоро фаро мегирад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки бояд дар мадди аввал механизми фаъолияти амалии гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ роҳандозӣ гардад. Котиботи Маҷлиси миллӣ афзуд, иштирокдорони мулоқот изҳор доштанд, ки ҷиҳати бо мазмуни нав пурра сохтани ҳамкориҳои байнипарламентӣ, ки талаботи замони муосир мебошад, тамоми имконият ва захираҳои мавҷударо сафарбар хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала