“Басай фиреб”: видеои ҷавонзане, ки дӯстдоштаашро оташ зад-навор

CC BY 2.0 / Jeff Turner / Lit MatchСпичка, архивное фото
Спичка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри гузориши видеоӣ аз боздошти ҷавонзани 21 - сола хабар дод, ки дар оташ задани дӯстдоштаи 25-солааш дар соҳили дарёи Кофарниҳон муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур санаи 26 - уми августи соли ҷорӣ, тахминан соати 12:00, дар соҳили дарёи Кофарниҳон рух додааст. Гуфта мешавад, сокини шаҳри Ваҳдат аз ҳиссиёти рашк ҷавони 25 - соларо бо истифода аз бензин оташ зад.

Худи духтар дар гузориши ВУД гуфт, зарфи сӯзишвориро худи ҷавон ба ӯ дода, хостааст, ҳар коре хоҳад, бо ӯ анҷом диҳад.

“Басай фиреб гуфтам, то кай фиреб мекунӣ, гуфтам, ин сӯ нигоҳ кун, ки зажигалкаро гирён кардаму оташ сӯяш давид”, - тавзеҳ дод муттаҳам дар анонси гузориши ВУД.

Дар пайи қазия ҷавон ба духтар гуфтааст, ки рост ба хона равад ва ба касе чизе нагӯяд. Ӯ талош кардааст, ки омили ин ҳодисаро пинҳон кунад, аммо милисаҳо гунаҳкорро муайян намудаанд. ВУД қаблан таъкид карда буд, ки тибқи санади ташхиси судӣ-тиббӣ, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала