"Лутф": Тоҷикистон донишҷӯёни Афғонистонро иҷозаи вуруд додааст

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкСтуденты на лекции
Студенты на лекции - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрвандони Афғонистон, ки муҳассилини муассисаҳои таълимии Тоҷикистонанд ва дар замони пандемияи “вируси корона” дар ватан банд монда буданд, иҷозаи вуруд пайдо кардаанд

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, донишомӯзон ҳамин рӯзҳои наздик вориди Душанбе хоҳанд шуд.

"Бо ҳукумати Тоҷикистон чунин тавофуқ ҳосил шуд. Мо рӯйхати донишомӯзонро ба мақомоти зидахл равон кардем. Умедворем, то чанд рӯзи дигар ин тавофуқ таҳаққуқ пайдо кунад. Мо мехоҳем барои интиқоли донишомӯзон як тайёра бигирем. Онҳое, ки ба гузаргоҳҳои марзӣ наздиканд, метавонанд аз роҳи заминӣ низ вориди Тоҷикистон шаванд. Лутфи Тоҷикистон дар баробари мо зиёд аст", - гуфт Муҳаммад Зоҳири Ағбар.

Тоҷикистон дар пайи густариши пандемияи "вируси корона" ҳанӯз 16 марти соли равон охирин гузаргоҳҳои марзиаш бо Афғонистон – "Панҷи поён" – ро баста буд. Дар ин миён бо тавофуқи ҳукуматҳо ду маротиба ҳудуди 400 шаҳрванди Афғонистон тариқи ин гузаргоҳ ба таври дастаҷамъӣ ба он сӯи Ому гузаштанд.

Тоҷикистон барои довталабони афғон 5 бурсия ҷудо кард

Сулаймон Суруш, раиси Иттиҳодияи муҳассилини Афғонистон, ба ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, даҳҳо донишҷӯе, ки замони пандемия барои гузаронидани таътил ба ватан рафта буданд, омада наметавонанд.

"Аз соли нави таҳсил дар Тоҷикистон қариб якуним моҳ мегузарад ва донишомӯзон аз дарсҳо қафо мемонанд. Ин як хабари хушест барои онҳое, ки намехоҳанд аз барномаи дарсӣ қафо монанд", - гуфт Сулаймон Суруш.

Шаҳрвандони Афғонистон дар Тоҷикистон дар макотиби олӣ, магистратура ва докторантура машғули таҳсил мебошанд.

Эмомали Рахмон поприветствовал афганцев на другой стороне Пянджа - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати Раҳмон дар соҳили дарёи Панҷ бо мардуми Афғонистон: мушкилиҳо ҳал мешаванд - акс

Тибқи иттилои Иттиҳодияи муҳассилини Афғонистон, соли гузашта 35 шаҳрванди Афғонистон аз ин муассисаҳо рухсат шуда, имсол 50 нафар, умдатан аз ҳисоби муҳоҷирин, ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил шудаанд.

Бино ба ин манбаъ, дар умум теъдоди донишҷӯ, магистрант ва докторантҳои Афғонистон ба 450 нафар мерасад, ки аз ин шумора 130 нафар бо бурсияҳои ҳукумати Тоҷикистон, бақия ғайрибурсия – аз ҳисоби худ таҳсил мекунанд. Аз ин шумора ҳоло 195 нафар мунтазири боз шудани марзҳо ва идомаи таҳсили худ дар Тоҷикистон мебошанд.

Тибқи иттилои маркази "Ориёно", як созмони муҳоҷирини Афғонистон дар Душанбе, ҳудуди 4 ҳазор муҳоҷири афғон дар Тоҷикистон паноҳанда мебошанд.

Тоҷикистон пас аз Покистону Эрон сеюмини кишвари ҳамсоя аст, ки бештарини муҳоҷирини Афғонистонро паноҳгоҳ додааст.

Лентаи хабарҳо
0