Русия ба донишҷӯёни ғайр ҳам бурсияи бештар ва ҳам шароити беҳтар ваъда кард

© © Пресс-служба ЮУрГУ Студент ЮУрГУ из Таджикистана
Студент ЮУрГУ из Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Россотрудничества Евгений Примаков ҷонибдори тағйир додани системаи ихтисоси бурсияҳо барои донишҷӯёни кишварҳои ИДМ ва Балтика мебошад

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Вакили Думаи давлатии Русия Евгений Примаков авохири моҳи июни соли ҷорӣ ба курсии роҳбари Россотрудничества такя зад.

Вступительные испытания в Таджикском национальном университете - Sputnik Тоҷикистон
Ихтисоси бурсия барои донишҷӯёни тоҷик: Давлатзода бо Лякин - Фролов мулоқот кард

Примаков аз нахустин рӯзи сари роҳбарии ин агентӣ омадан, изҳор дошт, ки дар кори агентӣ тағйироти куллӣ меорад.

Яке аз масоиле, ки боиси нигаронии Примаков гардидааст, ин шакли пешниҳоди бурсиҳо барои донишҷӯёни хориҷ аз кишварҳои ИДМ ва Балтика мебошад.

Примаков бо такя ба қарори кишвардори Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки шумораи бурсияҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки ҳавасманди таҳсил дар муассисаҳои Русия мебошанд, афзоиш меёбанд.

Номбурда дар мусоҳиба бо Sputnik хабар дод, ки то соли 2023 шумораи бурсияҳо барои донишҷӯёни хориҷи то ду маротиба зиёд мешаванд.

“Забони стратегӣ”: ҳузури Русия дар маорифи Тоҷикистон

Ӯ мегӯяд, дар баробари зиёд шудани шумораи бурсияҳо, бояд барои донишҷӯён шароити созгор низ ташкил карда шавад.

Примаков системаи Лаҳистон дар ҳамин равияро мисол оварда гуфт, ки барои шаҳрвандони хориҷ дар баробари додани бурсияҳо, инчунин имкони гирифтани идрорпуливу дигар имкониятҳо фароҳат меоранд.

"Мо низ барои равнақ додани ин система, бояд дигаргуние ворид созем. Барои донишҷӯён дар баробари фароҳам овардани имконияти таҳсил, ҳамзамон пули чиптаи онҳо ва ё маблағи иҷораи манзилро пардохт кунем", - шарҳ додааст роҳбари Россотрудничества.

Вакили рус ҷонибдори он аст, ки донишҷӯёни хориҷ пас аз хатми муассисаҳои таълимии Русия мутахассис хуб шаванд ва дар ватани худ вобаста ба ихтисосашон кори хуб пайдо кунанд.

Пресс-конференция Россотрудничества по вопросам квотной кампании поступления граждан Таджикистана в российские вузы в 2020-2021 учебном году - Sputnik Тоҷикистон
"Ҳамин тавр шуд": Тоҷикистон аз ҳама бештар бурсияҳои Русияро ба даст овард

Аммо, ба гуфтаи ӯ  системаи мавҷуда ин нақшаҳо амалӣ карда наметавонад, зеро донишҷӯён маҷбурданд, ки дар баробари таҳсил ба ҳайси роҳрӯб ё ронандаи таксӣ кор кунанд.

Маҳз ба ҳамин хотир, Примаков зарур донист, ки дар системаи мазкур тағйироти ҷиддӣ ворид гардад.

Масъалаи афзун намудани бурсия барои донишҷӯёни хориҷӣ ҳанӯз аввоили соли ҷорӣ дар Думаи давлатӣ мавриди баҳс қарор гирифт.

Он замон, Леонид Калашников намояндаи Думаи давлатии Русия оид ба масъалаҳои кишварҳои ИДМ гуфт, ки ихтисоси 15 ҳазор бурсия ниҳоят кам аст. Пешниҳод шуд, ки шумораи квотаҳо то 30 ҳазор бештар карда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала