Духтараки панҷакентие, ки Раҳмонро бо шеърхонияш дар ҳайрат гузошт, Шоҳҷоиза гирифт

© Facebook- Маркази таҳсилоти иловагии вилояти СуғдРаъно Насриддинова, духтараки панҷакентие, ки Президентро бо шеърхонияш дар ҳайрат гузошт
Раъно Насриддинова, духтараки панҷакентие, ки Президентро бо шеърхонияш дар ҳайрат гузошт - Sputnik Тоҷикистон
Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 и мактаби № 28 и шаҳри Панҷакент дар озмуни вилоятии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ғолиби мутлақ гардида, 28 ҳазор сомонӣ ба даст овард. Насриддинова ба даври ҷумҳуриявии ин озмун роҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Фирдавс Ашӯрматов, котиби кумитаи тадорукоти даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, озмун дирӯз аз рӯи 5 бахш ё номинатсия дар Мактаби президентӣ воқеъ дар шаҳри Бӯстон ҷамбаст шуд.

“Раъно Насриддинова нахуст дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон иштирок карда ғолиби ҷои аввал дониста шуда, бо гирифтани 8 ҳазор сомонӣ мушарраф шуд. Баъдан бо ҷамъи ғолибони ҷои якуми бахшҳои дигар барои шоҳҷоизаи озмун сабқат намуда пирӯз гардида 20 ҳазор сомонии шоҳҷоизаро низ ба даст овард. Воқеан дониши фаррох дорад ва аз ҷамъи иштирокчиён ин бартариаш барало эҳсос мешуд”, - таъкид намуд Ашӯрматов.

Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 и мактаби № 28 и шаҳри Панҷакент аст, ки зимни сафари ахири Президент ба шаҳри Панҷакент баромад кард. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз маҳорати баланди шеъру суханварии ин духтараки панҷакентӣ ситоиш карда, ӯро “Фарзонаи 2” номид.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на красной дорожке - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон бо фаъолони Панҷакент мулоқот кард

 Шоҳҷоизаро ба Насриддиноваро,  шоири халқии Тоҷикистон Фарзона тақдим намудааст. Бино ба иттилоъи котиби кумитаи тадорукот дар панҷ номинатсияи озмун: аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик, аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик, аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик ва номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи довталабони шоирӣ, теъдоди зиёди хонандагони макотиби Суғд ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок варзида ғолибон бо нишон додани маҳорати худ соҳиби диплом ва аз 3 то 8 ҳазор сомонӣ шудаанд.

Аз ҷамъи иштирокдорон 82 нафар барои ба даври чаҳорум ва ё ниҳоии озмун, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад роҳ ёфтаанд.

Қарори озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” моҳи феврали соли 2019 ба истиқболи Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда буд.

Ин озмун дар саросари Тоҷикистон дар чаҳор давр ё марҳила, ибтидо дар маркази шаҳрак деҳот, даври дуюм дар маркази шаҳр, ё ноҳия, марҳилаи сеюм дар маркази вилоятҳо ва даври чорум ё ниҳоии он дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба ғолибони ҷойҳои ифтихории даври ниҳоии озмун аз 15 то 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи шоҳҷоиза бо 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала