Боздошти авбош: дар ҳолати мастӣ марди 56-соларо се корд зад

© Flickr \ Mr Korn FlakesKnife
Knife - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милистсия пойтахт марди 36-соларо, ки дар ҳолати мастӣ бо марди 53-сола ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо корд 3-маротиба ба баданаш задааст, боздошт намуданд

ДУШАНБЕ, 28 сен – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур санаи 25-уми сентябри соли равон, дар кӯчаи Айнии пойтахт сурат гирифтааст.

Нож в руке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дашноми қабеҳ доду дар қафаси синааш корд зад: авбошӣ дар Душанбе

Манбаъ таъкид доштааст, ки ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 53-солаи сокини кӯчаи Қаротегини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки дар кӯчаи Айнии пойтахт шахси номаълум дар ҳолати мастӣ аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 3-маротиба ба баданаш задааст.

Гуфта шудааст, ки дар натиҷа, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ВУД Тоҷикистон хабар додааст, ки кормандони милитси ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 36-солаи сокини Душанбе боздошт намуданд.

Манбаъ зикр намудааст, ки марди боздоштшуда ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гумонбар дониста мешавад.

ВУД Тоҷикистон таъкид доштааст, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0