Раҳмон аз камобӣ гуфту барои сарфаи барқ дастур дод

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонҶаласаи Ҳукумати Тоҷикистон
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар ҷаласаи Ҳукумат аз камобӣ гуфта, масъалаи таъмини мардум бо нерӯи барқ дар зимистонро ба миён гузошт

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба камобии имсола барои сарфакорона истифода кардани нерӯи барқ дастур дод.

Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии Тоҷикистон аз даргириҳои шадид дар Қарабоғи Кӯҳӣ: даъват ба оташбас кард

Раисиҷумҳур баҳри рафъи мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистода ва бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва захираи кофии маводи сӯхту хӯрокворӣ масъулини сохторҳои давлатиро муваззаф кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи қабл низ дар паёмаш ба маҷмааи умумии СММ гуфта буд, ки “имсол бинобар боришоти кам дар фасли зимистон коҳиши назарраси захираҳои об дар дарёҳои минтақа ба қайд гирифта шуд, ки дар навбати худ боиси камобӣ дар мавсими обёрӣ ва хушксолии шадид гардид”.

Ӯ таъкид кард, ки чунин вазъият ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза, ҳамчунин, соҳаҳои марбут ба об, бахусус кишоварзӣ ва энергетика, таъсири манфӣ мерасонад.

Раҳмон зикр кард, ки Тоҷикистон 99 фоизи қувваи барқи худро дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ, яъне аз манбаъҳои таҷдидшавандаи энергияи “сабз” истеҳсол мекунад.

Ӯ дар ин робита дастгирии истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, ки барои рушди иқтисоди “сабз” заминаи мусоид мегузорад, пешниҳод намуда буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала