Модаре бо духтари 9-солааш худро ба дарёи Вахш андохт: муроҷиати КҲФ ба тоҷикистониён

© pixabay.com/succoСпасательный круг. Архивное фото
Спасательный круг. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон эълон карданд, ки ду ҷасад - зани 31-сола ва духтарчаи 9-соларо пайдо карданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Норак супурданд

ДУШАНБЕ, 28 сен – Sputnik. Тавре дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қайд кардааст, дар ҳоли ҳозир сабаби даст ба худкушӣ задани ин зан бо фарзандаш  то ҳол маълум нест.

Рустам Эмомали открыл мост в районе сино города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Мехост бимирад: наҷоти зани 49-сола аз худкушӣ дар шаҳри Душанбе

Гуфта шудааст, ки баъд аз зуҳри рӯзи 27-уми сентябри соли 2020 як сокини 31-солаи ноҳияи Ёвон бо духтарчаи 9-солааш худро ба дарёи Вахш сарозер кард.

“Баъди дарёфти хабари ин худкушӣ наҷотдиҳандагони кӯҳии бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба ҷойи ҳодиса расиданд ва баъди ним соати розандозии корҳои ҷустуҷӯӣ ин ду ҷасадро тақрибан 30 метр дуртар аз макони ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Норак супурданд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо исрор аз аҳолӣ хоҳиш намудааст, ки сокинон нисбат ба пайвандону хешон бамуҳаббат бошанд ва ҳаёти худ ва атрофиён ва наздиконро азиз доранд!

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала