Эҳтимоли коҳиш ёфтани фоизи қарзҳо: Бонкҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон созишнома бастанд

© © Sputnik / Вероника Антонова-ТризноПодписание договора, архивное фото
Подписание договора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонкҳо мехоҳанд гардиши савдои байни ду давлатро тавассути  зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкороне, ки ба воридоти молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум машғуланд, афзоиш диҳанд ва фоизи қарзҳои байнибонкиро коҳиш диҳанд

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik.  Дар шаҳри Душанбе байни "Амонатбонк" - и Тоҷикистон ва Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон оид ба шартҳои умумии гузаронидани амалиёти банкнотӣ созишнома имзо гардид, ки ҳадафаш  ба роҳ мондани амалиёти банкнотӣ миёни  бонкҳо мебошад.

Дар Душанбе миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 15 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Санади мазкурро раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон Алишер Мирсоатов имзо кардаанд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

"Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯрӣ Сироҷиддин Икромӣ ва Алишер Мирсоатов масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории байнибонкии ду давлати дӯст, аз ҷумла, афзоиш додани гардиши савдои байни ду давлат тавассути  зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкороне, ки ба воридоти молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум машғуланд ва масъалаҳои марбут ба коҳиши эҳтимолии фоизи қарзҳои байнибонкиро матраҳ намудаанд", - омадааст дар хабарнома.

Инчунин раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон  Алишер  Мирсоатов бо фаъолияти дафтари марказии "Амонатбонк" ошно гардидааст.

Тасмими Тоҷикистону Ӯзбекистон барои содагардонии интиқоли коло тавассути марз

Сафари Алишер Мирсоатов ба Душанбе дар доираи ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ,  соҳаҳои роҳу нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, сармоягузорӣ, энергетика, гумрук, содирот ва фарҳанг баррасӣ гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала