Беҳбуди вазъи вируси корона: бозгушоии мадориси Афғонистон баъд аз таътили тӯлонӣ

© © Александр ХроленкоВ учебной аудитории Кабульского политехнического института
В учебной аудитории Кабульского политехнического института - Sputnik Тоҷикистон
Мадориси Афғонистон бо риояти дақиқи тадобири беҳдоштӣ ба сурати комил бозгушоӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Нурия Нузҳат, сухангӯи вазорати омӯзиш ва парвариши Афғонистон ахиран аз донишомӯзон хост тадобири беҳдоштиро комил риоят кунанд, то монеъи шуюи вируси корона шаванд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Выставка в честь Ахмад Шаха Масуда в Панджшире - Sputnik Тоҷикистон
Форсӣ забони миллии Афғонистон шуд

Бино бар иттилои манбаъ, донишгоҳҳои Афғонистон низ аз панҷуми сентябр бозгушоӣ шуда буданд.

Ҳарчанд дар ҳоли ҳозир мизони ибтило ба вируси куруно дар Афғонистон коҳиш ёфта, аммо вазорати беҳдошти ин кишвар аз мардум хоста аст, ки нукоти беҳдоштиро риоят кунанд ва дар сӯрати риоят накардани мавориди беҳдоштӣ, нисбат ба оғози мавҷи дуввуми куруно ҳушдор додааст .

Токунӯн дар Афғонистон беш аз 39 ҳазор нафар ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод якҳазору 458 нафар фавт карданд.

Бояд гуфт, ки ахиран Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, донишомӯзон ҳамин рӯзҳои наздик вориди Душанбе хоҳанд шуд.

"Бо ҳукумати Тоҷикистон чунин тавофуқ ҳосил шуд. Мо рӯйхати донишомӯзонро ба мақомоти зидахл равон кардем. Умедворем, то чанд рӯзи дигар ин тавофуқ таҳаққуқ пайдо кунад. Мо мехоҳем барои интиқоли донишомӯзон як тайёра бигирем. Онҳое, ки ба гузаргоҳҳои марзӣ наздиканд, метавонанд аз роҳи заминӣ низ вориди Тоҷикистон шаванд. Лутфи Тоҷикистон дар баробари мо зиёд аст", - гуфт Муҳаммад Зоҳири Ағбар.

Тоҷикистон дар пайи густариши пандемияи "вируси корона" ҳанӯз 16 марти соли равон охирин гузаргоҳҳои марзиаш бо Афғонистон – "Панҷи поён" – ро баста буд. Дар ин миён бо тавофуқи ҳукуматҳо ду маротиба ҳудуди 400 шаҳрванди Афғонистон тариқи ин гузаргоҳ ба таври дастаҷамъӣ ба он сӯи Ому гузаштанд.

Абдулла Абдулла  - Sputnik Тоҷикистон
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: музокироти сулҳи Афғонистон ба кундӣ пеш меравад

Сулаймон Суруш, раиси Иттиҳодияи муҳассилини Афғонистон, ба ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, даҳҳо донишҷӯе, ки замони пандемия барои гузаронидани таътил ба ватан рафта буданд, омада наметавонанд.

Шаҳрвандони Афғонистон дар Тоҷикистон дар макотиби олӣ, магистратура ва докторантура машғули таҳсил мебошанд.

Тибқи иттилои Иттиҳодияи муҳассилини Афғонистон, соли гузашта 35 шаҳрванди Афғонистон аз ин муассисаҳо рухсат шуда, имсол 50 нафар, умдатан аз ҳисоби муҳоҷирин, ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала