Маросими ҳаҷҷи умра дар Арабистони Саудӣ аз сар гирифта шуд

© AP / STRСотни мусульманских паломников окружают Каабу
Сотни мусульманских паломников окружают Каабу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Арабистони Саудӣ ахиран эълом кард, ки баргузории маросими умра ба сӯрати тадриҷӣ аз сар гирифта мешавад

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Вазорати ҳаҷ ва умраи ин кишвар ахиран эълом кард, ки тамоми омодагиҳо барои пазириши умрагузорон ва дар чорчӯби тавсияҳои беҳдоштии муносиб такмил шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Мусульманские паломники во время хаджа - Sputnik Тоҷикистон
Ба Каъба нарасед: ҳаҷ дар шароити пандемия чигуна аст? - 10 акс

Ин вазоратхона эълом кард, ки мароҳили баргузории умра ба чаҳор марҳала тақсим мешавад: дар марҳалаи нахуст 30 дарсади зарфияти Масҷидулҳаром ва масҷиди Набӣ (с) ба зоирон ихтисос меёбад, дар марҳалаи дувум, ки 18 октябр оғоз хоҳад шуд, ин зарфият ба 75 дарсад хоҳад расид.

Бар асоси гузориши Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистон, марҳалаи сеюм аввали моҳи ноябр бо сафари умрагузорони хориҷӣ ба Масҷидулҳаром ва масҷиди Набӣ (с) бо зарфияти сад дарсадӣ пазириш оғоз хоҳад шуд ва бо эъломи поёни ҳамагирии вируси куруно ё нобудии комили он, марҳалаи чаҳорум оғоз мешавад.

Бар пояи ин гузориш, мудирияти татҳир ва зидди уфӯнии Масҷидулҳаром эълом кард, ки ин саҳни муқаддас рӯзона 10 бор шуста мешавад ва шустушӯ ҳар бор пас аз он сӯрат мегирад, ки умрагузорон аз адои маносики умра фориғ мешаванд.

Дар раванди зидди уфӯнии Масҷидулҳаром 4 ҳазор коргари зану мард фаъолият мекунанд ва рӯзона ҳудӯди 60 ҳазор литр аз беҳтарин анвоъи маводи шуянда ва зидди уфуникунанда истифода мешавад.

Паломничество в Мекку - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷ - 2020 лағв мешавад? Дар Арабистони Саудӣ теъдоди маризони COVID -19 рӯ ба афзоиш аст

Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистон ҳамчунин пештар эълом карда буд, ки 108 ҳазору 41 муҷаввизи анҷоми маносики умра барои шаҳрвандон ва хориҷиҳои муқими ин кишвар содир шудааст.

Шуюи вируси корона маросими ҳаҷи таматуъи имсолро таҳти таъсир худ қарор дод ва ин маросим имсол танҳо бо ҳузури 10 ҳазор зоир, ки тамоми онҳо сокини Арабистон буданд баргузор шуд.

Баргузории маҳдуди маросими ҳаҷ дар ҳоле рух дод, ки Арабистон солона 12 миллиард доллар аз маросими ҳаҷ даромад доштааст.

Бар асоси тозатарин гузориши вазорати беҳдошти Арабистон, шумори мубталоён ба Ковид-19 дар ин кишвар ба ҳудӯди 336 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз 4 ҳазору 850 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Лентаи хабарҳо
0