Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаНациональный банк Таджикистана
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз душанбе оғози ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1314 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1335 сомонӣ нишон дода шудааст.

Доллары, рубли и евро - Sputnik Тоҷикистон
Иқтисодшиносон ҷаҳиши рекордии доллар ва евроро пешгӯӣ карданд
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3297 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.1126  то 12.3000сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1370 то 0,1390 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 1315 то 140 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1330 то 0,1405 сомонӣ нишон дода шудааст.

Бонки миллӣ гуфт дар беқурбшавии сомонӣ ва болоравии арзиши доллар кӣ гунаҳгор аст

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

Лентаи хабарҳо
0