Эрон барои поён додани даргириҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ нақша омода кардааст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, ки давлати Эрон нақшаеро омода кардааст то ҷанги Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ҳарчи зудтар поён ёдаб

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Саид Хатибзода, сухангӯи  Вазорати умури хориҷаи Эрон  ахиран дар нишасти хабарӣ, дар бораи даргирӣ миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон гуфт: мунозиъаи Қарабоғ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва тарҳи Эрон барои ҳалли ин мунозиъа, дар чорчӯби ҳифзи тамомияти арзии Озарбойҷон, хуруҷи нерӯҳои низомӣ ва оғози музокирот аст.

Реактивный снаряд системы Смерч на территории общины Иванян Нагорного Карабаха - Sputnik Тоҷикистон
Садои ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ дар Эрон: хумпора аз Қарабоғ як кӯдаки эрониро захмӣ кард

"Эрон яке аз камтарин фаъолонест, ки бо ҳама ҳизбҳо ва фаъолони ин масъала, ҳам ҷалбшуда ва ҳам ҳизбҳои минтақавӣ муносибати хуб дорад", - таъкид дошт Хатибзода.

Сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон  бори дигар таъкид кард ҳама бояд кӯмак кунанд оташи даргирии Қарабоғ хомӯш шавад.

Муноқишаи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи минтақаи Қарабоғ  соли 1988 оғоз шуд.

Даври ҷадиди ин даргириҳо низ аз 27 сентябри 2020 оғоз шудау то кунун шуморе аз нерӯҳои ду тараф  кушта ва ё захмӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала