Облава дар рӯзи равшан: ҷавонро аз назди бозори "Меҳргон" бурданд - навор

© Sputnik / Сергей ПивоваровСлужба в армии
Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саҳнаи "дарафтодан" - и чанд нафар ба ҷавонмард ва зӯран ӯро самти мошин кашола кардан, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Муаллифи навор аз лаҳзаи "облава" шудани як ҷавон дар шаҳри Душанбе "Парвиз ТВ" мебошад. Гуфта мешавад, ин кор дар наздикии бозори "Меҳргон" иттифоқ афтодааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

#Новости Ба гуфти шохидон ин Облава дар Назди бозори Мехргон мебошад

Публикация от Parviz TV (@parviz_tv)

Бар ивази чор корманди мақомоти қудратӣ, ки дар либоси шаҳрвандӣ буданд, ба кӯмаки ҷавон роҳгузарон низ шитофта, кӯшиш намуданд то ӯро аз чанголи иҳотагирон раҳо созанд.

Призыв, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти ошкорои раисон бо даҳҳо наваскарон: Оё “облава” аз байн меравад?

Навори мазкур аксари корбаронро сахт нигарон намуд.

Қаблан саҳифаи "Парвиз ТВ" бо нашри як навори иҳотагирӣ, таъкид кард, ки ин нахустин навори "облава" дар даъвати нави тирамоҳӣ мебошад.

Бидуни "облава": дар шаҳри Норак 60 ҷавон ба таври ихтиёрӣ ба сафи артиш пайваст

"Облава" мушкилест, ки солҳо дар Тоҷикистон ҷой дорад ва борҳо дар сатҳи расмӣ барои бартараф кардани он дастур дода шудаст.

Пештар Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дастур дода буд, ки аз қонуншиканиҳо дар маъаракаи даъвати наваскарон ҷилавгирӣ карда шавад, аммо ба гуфтаи сокинон ва наворҳои нашршуда ҳолатҳои “облава” тақрибан дар ҳар маъракаи даъват рух медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0