Алиев: Эрон дар муноқиша миёни Озарбойҷон ва Арманистон рафтори одилона дорад

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Азербайджанской Республики Ильхам Алиев, архивное фото
Президент Азербайджанской Республики Ильхам Алиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳурии Озарбойҷон мавзеъгирии Эронро дар муноқиша миёни кишвараш ва Арманистон одилона донист

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik.  Илҳом Алиев дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизеонии CNN-и  турк гуфт, ки мақомҳои расмии Эрон бар ҳаққи Озарбойҷон таъкид доранд, иттилоъ додааст радиои Садои  Хуросон.

Нагорный Карабах: Россия, США и Франция думают, как остановить кровопролитие - Sputnik Тоҷикистон
Қарабоғи Кӯҳӣ метавонад “Макка”-и дуюми террористони байналмилалӣ шавад

Раисҷумҳурии Озарбойҷон  афзуд, ки мақомҳои Эрон дар баёнияҳои ахири худ дар робита бо муноқишаи Қарабоғ гуфтанд, ки бояд тамомияти арзии кишварҳо муҳтарам шинохта шавад ва оворагони ҷангӣ ба хона ва кошона худ баргарданд, ки он низ мавзеъи одилона аст.

Бомдоди 27 сентябри гузашта  даргирӣ миёни низомиёни Арманистон ва Озарбойҷон бар сари минтақаи Қарабоғ дар марзҳои муштараки ду кишвар аз са гирифта шуд.

Дар моҳи июли гузашта низ даргирии маҳдуди низомӣ байни нерӯҳои Озарбойҷон ва Арманистони мунҷар ба талафоти ҷонии ҳар ду тараф шуд.

Ҷанги лафзӣ ва бархе таҳаррукоти дипломатик ба таниш дар минтақаи Қафқоз доман зада ва бори дигари бархӯрди низомии ин ду кишварро рақам задааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала