Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Дар замони пандемия аз кадом ғизоҳо бояд парҳез кард - тавсияи пизишк

© Петр Чернов / Гузаштан ба хазинаи аксГамбургер, архивное фото
Гамбургер, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Масунияти инсон дар замони пандемия ниҳоят оҷиз аст. Аз ин рӯ бояд ғизоҳоеро истеъмол намуд, ки масуниятро то ҳадде боло мебаранд

ДУШАНБЕ, 9 окт – Sputnik. Дар замони пандемия аз консерву, хӯрокҳои тезтайёр ва бирён бояд парҳез кард, мегӯяд эпидемиологи рус Олга Ненастина.

Ба изҳори ӯ, ин намуд ғизоҳо масунияти бе ҳамин оҷизгардидаи инсон дар замони пандемияро боз харобтар мекунанд.

"Асосан аз консервҳо бояд даст кашид. Зеро чунин  хӯрокҳои коркардшуда дар соҳаи саноат аз арзиши ғизоӣ маҳрум карда мешаванд. Аз истеъмоли шакар ҳам бояд пешгирӣ кард. Ғайр аз ин, беҳтар аст, ки истеъмоли хӯрокҳои бирён ва тезтайёрро кам кард", - тавсия додаасат Ненастина.

Пизишки рус бар ин бовар аст, ки дар замони пандемия бештар хӯриш аз сабзавот ва кабудӣ истеъмол кард, зеро дар таркиби онҳо миқдори лозимаи витамин ва минералҳо мавҷуд аст, ки ҳоло барои организми одам хеле муҳиманд.

Пассажиры на платформе Ярославского вокзала в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Беш аз 12 ҳазор: мубталошавии рекордӣ ба коронавирус дар Русия

Гузашта аз ин, истеъмоли моҳӣ, гӯшти парранда, маҳсулоти аз шир тайёркардашуда ниҳоят зарур аст.

Вазорат: рӯзҳои охир дар Тоҷикистон касе аз коронавирус нафавтидааст

Коронавирус асосан барои пиронсолон хатарнок аст, аз ин рӯ муҳим аст, ки дар таркиби ғизои онҳо миқдори кофии сафеда ва витаминҳо мавҷуд бошад. Хӯрдани гӯшт тавсия дода намешавад, аммо ҳафтае як маротиба истеъмол кардани он зарур аст.

Олга Ненастина нӯшидани оби барзиёдро тавсия медиҳад. Ва маслиҳати асоси ин пизишк, канорагирӣ кардан аз асабоният ва сайру гашти зиёд дар ҳавои кушоду тоза мебошад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала