Гавҳари ҳунар Эронро падруд гуфт: Шаҷариён устоди бузурги овоз даргузашт

Муҳаммадризо Шаҷариён устоди бузурги овози Эрон, пас аз чанд сол таҳаммули бемории саратон, рӯзи панҷшанбе дар синни 80-солагӣ чашм аз ҷаҳон фурӯ баст

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Устод Муҳаммадризои Шаҷариён аз авоили ҳафтаи гузашта ба далели вазъияти ногувори беморӣ дар бемористоне дар Теҳрон бистарӣ шуда буд.

Ахмадшо Улфатшоев - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти Улфатшоев, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамо-аксҳо

Ба нақл аз Садои Хуросон, Муҳаммадризои Шаҷариён устоди овози Эрон, аввали меҳрмоҳи 1319 ҳиҷрии хуршедӣ баробар бо 23 сентябри 1940 милодӣ дар шаҳри Машҳади Эрон мутаваллид шуд.

Вай аз 9-солагӣ тиловати Қуръонро оғоз карду нахустин бор дар сини 12-солагӣ қироъати Қуръони ӯ аз радиои Хуросон пахш шуд.

Муҳаммадризои Шаҷариён дар тӯли солҳои фаъолияти ҳунариаш албомҳои бисёреро ба алоқамандони шеъру мусиқӣ тақдим кард.

Оҳанги "Мурғи саҳар"-и Шаҷариён бо шеъре аз Малик-уш-Шуарои Баҳор маъруфтарин кори ӯ аст, ки тақрибан ҳамаи эрониён  онро мешиносанд.

Дуои "раббано", маъруфтарин тиловати қуръонии Шаҷариён аст, ки ин асарро Созмони Мероси фарҳангии саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон ба унвони асари миллӣ сабт кардааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки бо тавваҷӯҳ ба вазъияти ҳамагирии корона  маросими ташйиъи пайкари ин устоди бузурги мусиқии Эрон баргузор нахоҳад шуд ва пайкари устод Шаҷариён  пас аз интиқол аз Теҳрон ба зодгоҳаши шаҳри Машҳад, дар шаҳри Тӯс ва дар ҷавори оромгоҳи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ба хок супурда хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала