Президенти Қирғизистон гуфт, омодааст истеъфо диҳад

Обуна шудан
Раҳбари Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков гуфт, ки вазъи сиёсии кишвар ба як нуқтаи муҳим расидааст ва пешниҳод кардааст, ки созиш ба роҳ монда шавад

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков ошкоро омодагии худро барои тарки мансаби сарвари давлат танҳо пас аз тасдиқи роҳбарони қонунии мақомоти иҷроия эълон кард, менависад Sputnik Қирғизистон.

Президент Кыргыстана Сооронбай Жээнбеков  - Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, Жээнбеков дар куҷост
Сарвари давлати Қирғизистон гуфтааст, ки кишвар бояд роҳи қонуниятро пеш гирад ва қайд кардааст, ки вазъи сиёсии ҷумҳурӣ ба як нуқтаи буҳронӣ расидааст.

"Мо бояд ҳарчи зудтар вазъи мавҷударо ба раванди қонунӣ баргардонем. Пас аз тасдиқи роҳбарони қонунии ҳокимияти иҷроия ва кишвар роҳи қонуниятро пеш гирифтан, ман омодаам аз вазифаи президенти Ҷумҳурии Қирғизистон равам",- гуфтааст Жээнбеков.

Барои ҳалли вазъ, Жээнбеков пешниҳод кардааст, ки интихоботи нави парлумонӣ баргузор  шавад (қарорро КМИР қабул хоҳад кард), сарвазир ва аъзои ҳукуматро, ки пеш аз бӯҳрон кор мекарданд, аз вазифа сабукдӯш кунанд, ки ин барои таъйиноти нав заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад ва барои вакилони парлумон барои иҷрои вазифаҳои худ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд амнияти онҳоро таъмин кунанд.

Раисҷумҳури Қирғизистон эълон кард барои музокира бо мӯътаризон омодааст

Ба гуфтаи президент, ҳеҷ мансабе аз тамомияти кишвар, ваҳдат ва сулҳи мардум болотар нест.

"Ман аз тамоми нерӯҳои сиёсӣ даъват мекунам, ки сулҳу оромӣ дар кишварро ҳифз кунанд, мардумро аз ҳам ҷудо накунанд",- гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр баргузор шуд. Аммо як рӯз пас аз баргузории интихобот, шаҳрвандони норизо ба по хестанд. Дар майдони марказии Ала-Тоо аз се то чаҳор ҳазор нафар тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, ҷамъ омаданд.

Истеъфои сарвазир ва раиси парлумони Қирғизистон дар меҳмонхона

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ин кишвар, дар задухӯрдҳо тақрибан 700 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамчунин як фавт низ ба қайд гирифта шудааст.

Ба ҳамин минвол, рӯзи 6 - и октябр КМИ ҶҚ натиҷаи интихоботи парлумониро беътибор эълон кард.

Лентаи хабарҳо
0