Тазоҳурот дар Бишкек: чӣ гуна буд - видео

Рӯзи ҷумъа дар Қирғизистон тазоҳуроту гирдиҳамоӣ миёни мухолифин, шаҳри Бишкеки Қирғизистонро такон дод

Рӯзи 9 октябр дар пойтахти Қирғизистон чанд тазоҳурот баргузор шуд, ки даргирӣ низ дар пай дошт.

Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Қирғизистон эълон кард барои музокира бо мӯътаризон омодааст

Якбора чор ҳизб номзадии Омурбек Бабановро, ки ҳамроҳи президенти пешини Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев дар назди бинои "Форум" гирдиҳамоӣ барпо карданд, ба симмати сарвазирӣ пешниҳод намуданд.

Хаймазанӣ ва эътирозҳои густурда дар Қирғизистон - акс

Сиёсатмадорон гирдиҳамоиро сарварӣ карда то майдони Ала-Тоо раҳпаймоӣ карданд. Дар роҳ ба онҳо ҷонибдорони дигар нерӯҳои сиёсӣ ҳамроҳ шуданд.

Дар ҳамон вақт ҳамчунин назди бинои Ҳукумат ба ҷонибдории Садир Жапаров гирдиҳамоӣ ҷараён дошт.

Вақте ду гурӯҳ ба ҳам наздик шуданд, миёни онҳо даргирӣ бархост.

Тирпаронӣ ба мошини зиреҳпӯши Отамбоев: собиқ президент аз сӯиқасд гуфт-видеоҳо

Аз тарафе ба қасди ҷони Отамбоев тир холӣ карданд.

Дар паи таниш 5 кас аз ҷумла номзади ҷавон ба маснади сарвазирӣ Тилек Токтогазиев, ҷароҳатдор шуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала