Ғайримуқаррарӣ аст: барф аз баландкуҳҳо ба водиҳо поён мешавад - аксҳо

© Фото представлены Мазбутом Холиковым, жителем кишлака Овчи района ДеваштичБарфи аавал дар Тоҷикистон
Барфи аавал дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, барфи аввал дар манотиқи баландкӯҳ як ҳодисаи ғайримуқаррарӣ нест. Бархе деҳқонон ҳанӯз ҳосилашонро ҷамъ наовардаанд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ҷамила Байдуллоева, сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин барф асосан дар манотиқи аз 3 ҳазор метр болои баландкӯҳ боридааст, ки маъмулан ҳатто дар охири моҳи август низ иттифоқ меафтад.

"Дар баландкуҳҳо ин як ҳодисаи ғайримуқаррарӣ нест, зеро барф фақат дар қуллаи куҳҳост. Масалан, дар шарқи Бадахшон ҳаво аз 5 то 7 дараҷа хунук шудааст. Дар дигар ҷойҳо шабона ҳарорат ба 0 баробар мешавад. Аммо барои минтақаҳои баландкӯҳе, назири Ҷиргатол, Рашт, водии Зарафшон, Дарвозу Шуғнон, ки дар 2 ҳазор метр баландтар аз сатҳи баҳр ҷойгиранд, ин як ҳодисаи ғайримуқаррарӣ аст”, - гуфт Ҷамила Байдуллоева.

Дар ҳамин ҳол, аксҳое, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошта шуданд, нишон медиҳанд, ки барф дар ин минтақа зиёд борида, ба қавли сокинон, бархе аз онҳо ҳатто натавонистаанд ҳосили картошкаву меваи худро ҷамъ оваранд.

© Мазбут Холиқов, сокини деҳаи Овчии ноҳияи ДеваштичБарфи аввал дар Тоҷикистон
Барфи аввал дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
1/4
Барфи аввал дар Тоҷикистон
© Мазбут Холиқов, сокини деҳаи Овчии ноҳияи ДеваштичБарфи аавал дар ноҳияи Деваштич
Барфи аавал дар ноҳияи Деваштич - Sputnik Тоҷикистон
2/4
Барфи аавал дар ноҳияи Деваштич
© Фото представлены Мазбутом Холиковым, жителем кишлака Овчи района ДеваштичБарфи аавал дар Тоҷикистон
Барфи аавал дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
3/4
Барфи аавал дар Тоҷикистон
© Мазбут Холиқов, сокини деҳаи Овчии ноҳияи ДеваштичБарфи аввали соли 2020 дар Тоҷикистон
Барфи аввали соли 2020 дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
4/4
Барфи аввали соли 2020 дар Тоҷикистон
1/4
Барфи аввал дар Тоҷикистон
2/4
Барфи аавал дар ноҳияи Деваштич
3/4
Барфи аавал дар Тоҷикистон
4/4
Барфи аввали соли 2020 дар Тоҷикистон

Сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ мегӯяд, ин минтақаи Тоҷикистон дар қарибии деҳаи Оббурдори ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ҷойгир аст, ки сардтарин нуқтаи вилояти Суғд ба шумор меояд.

"Овчӣ низ ба Оббурдон наздик аст ва аз сатҳи баҳр 2 ҳазор метр баланд мебошад. Эҳтимол дорад дар ин минтақа ҳаво то 2 дараҷа хунук ё ба сифр баробар шавад”, - гуфт Ҷамила Байдуллоева.

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар аксари манотиқи кишвар, аз ҷумла водиҳо низ ҳаво боронӣ шуда, ҳарорати ҳаво дар бархе ҷойҳо ба 5 то 7 дараҷа гармӣ поён мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала