Раъйдиҳӣ дар Эрон аз соати 8 субҳ оғоз шуд

© акс аз сафҳаи ВУХ ТоҷикистонРаванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт
Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт - Sputnik Тоҷикистон
Шашумин давраи интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон аз соати 8-и субҳи имрӯз дар Сафорати ин кишвар дар Теҳрон оғоз шудааст.

ДУШАНБЕ, 11 октябр - Sputnik. Донишҷӯёну шаҳрвандони Тоҷикистон, дар қаламрави Эрон ва дипломатҳову кормандони сафорати ҷумҳурӣ дар Теҳрон бо ҳузур дар пойи сандуқҳое, ки дар сохтмони сафорат истиқрор ёфтааст, раъйи худро ба сандуқ мерезанд, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей". 

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар  кадом шаҳрҳои Федератсияи  Русия имкони овоздиҳиро доранд - Sputnik Тоҷикистон
Интихобот-2020: ҳавзаҳои интихоботӣ дар Русия

Дар Сафорати Душанбе дар Теҳрон низ интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон то соати 20-и шаб идома хоҳад ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 6:00 кушода шудаанд, ки дар он шаҳрвандон раҳбари ояндаи кишварро барои ҳафт соли дигар интихоб мекунанд. Умуман, дар ҷумҳурӣ 3414 комиссияҳои интихоботӣ кор мекунанд.

Дар интихоботи президентии кунунӣ Рустам Латифзода аз Ҳизби Аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби Сотсиалист, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ ширкат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала