Далелҳои камёфт дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Обуна шудан
Барқчӣ, баҳрнавард, ҳоҷӣ, низомӣ, дӯстдори теннис ва падари серфарзанд - ҳамаи ин саҳифаҳои алоҳидаи ҳаёти президенти Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон бо аз худ кардани 90,92% овозҳо дар ин интихобот пирӯз шуд. Ин аллакай панҷумин интихобот дар фаъолияти сиёсатии Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ӯ барои 7 соли дигар кишвардор хоҳад буд.

Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт далелҳои камёфти зиндагии президентро, ки ба фаъолияти сиёсиаш саҳм гузоштаанд, ба ёд орад.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
"Ба хонааш файз дарояду набарояд" – вокуниши рақибон ба пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон

Раҳбари колхоз, баҳрнавард ва барқчӣ

Фаъолияти Раҳмон аз овони ҷавонӣ оғоз шуд. Ӯ фаъолиятро дар 17-солагӣ ба сифати барқчӣ дар заводи равғанбарории Қурғантеппа (Бохтари кунунӣ) пас аз поёни таҳсилот дар Омӯзишгоҳи касбию техникӣ оғоз кардааст.

Он ҷо президенти оянда дер наистод. Соли 1971 ӯро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват карданд ва барои хизмат дар Флоти уқёнуси Ором равон карданд. Президент дар бораи ин қисмати ҳаёташ дар ҷое мушаххас ҳарф назадааст, вале бо эҳтимоли зиёд зиндагии дур аз Ватан, табиати ғайримаъмулӣ ва вазъияти низомӣ хислати Раҳмонро қавӣ кард.

Вале баҳрнавард Эмомалӣ Раҳмонов (номашро баъдтар иваз мекунад), боз ба хона бармегардад ва дар заводи равғанбарорӣ ба кор мепардозад. Ин дафъа то соли 1976 - то ба вазифаи баланд расиданаш дар колхози ноҳияи Данғара кор мекунад.

Пасон ӯ ба Донишгоҳи давлатии ба номи Ленин дохил мешавад (Донишгоҳи миллии ҳозира), ки онро соли 1982 ба таври ғоибона хатм мекунад ва ин имконияти ба вазифаҳои баландтар расиданашро зиёдтар мегардонад.

Бо пулемёт

Раҳмон аз миёни кишвардорони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ягона президентест, ки пас аз пошхӯрии Итттиҳоди Шӯравӣ шахсан дар даргириҳои низомӣ ширкат кардааст.

То замоне, ки Раҳмон ба ҳайси як посдори сулҳ, ки тавонист ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 - ро хотима бахшад, дар ҳайъати яке аз гурӯҳҳо меҷангид.

Ин ҳодисаро ҳамтоёнаш аз кишварҳои ИДМ то ҳол дар ёд доранд. Масалан Александр Лукашенко дар мусоҳибааш гуфт, "чӣ гуна дӯсташ Раҳмон вориди Душанбе шуд, то тартибот ҷорӣ кунад".

Шояд ҳатто президенти нахустини ФР Борис Елтсин низ,  ки соли 1991 дар болои танк рост истода буд, чунин танӯманд набуд.

Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Путин Раҳмонро табрик кард ва бори дигар аз мушорикат стратегӣ ёдовар шуд

Шаш сӯйиқасдро паси сар кард

Худи Раҳмон дар суҳбат бо сокниони ноҳияи Балҷувон аз шаш сӯиқасд ба ҷонаш гуфта буд. Нахустин бор 30 апрели соли 1997 ҳангоми таҷлили 65-солагии донишгоҳе дар Хуҷанд ба ҷони Раҳмон суӯиқасд шуда буд. Аз издиҳом ба сӯи Раҳмон норинҷаке ҳаво доданд, ки дар паи он президент аз пояш захм бардошт.

Дар баробари Раҳмон он рӯз чанде аз ҳамроҳонаш, аз ҷумла вазири корҳои дохилии пешин Ёқуб Салимов низ ҷароҳат бардоштанд. 

Қувва дар дасту бозуст

Далели аҷиб - президент шояд ягона нафаре дар ҷаҳон бошад, ки кишвардори ИМА Доналд Трамп аз дастфишорияш нороҳат шуд.

Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп бо дастфишории оҳанини худ машҳур аст. Бисёре аз сиёсатмадорон мушоҳида кардаанд, ки пешвои амрикоиҳо як одати ба худ хосе дорад. Вай ҳангоми вохӯрӣ дастони ҳамкасбонашро мефишораду ба тарафи худ мекашад: ин кори Трамп он маъноро дорад, ки мехоҳад нафарро ба сӯи худ ҷалб кунад.

Дар натиҷаи дастфишории пурқуввати Трамп, аллакай воқеаҳои зиёди ҳассосе ба амал омадаанд, ки ҳангоми пазириши расмӣ сиёсатмадорон тавозуни худро аз даст дода, яку якбора ба тарафи раисҷумҳури ИМА калавидаанд.

Соли 2017 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз ғалабаи ниҳонӣ замони дастфишорӣ бо Трамп, санову мувофиқаи умумиро касб карда буд. 

Дар ҳошияи ҳамоишҳои кишварҳои мусулмони араб ва ИМА, ки дар пойтахти Арабистони Саудӣ шаҳри Эр-Риёз гузашта буд, Раҳмон боваримандона дасти Трампро ҳангоми саломкунӣ ба сӯи худ кашида, ҳамин тавр ба "қапқон" - и машҳури ӯ наафтид.

 Заседание Совета глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шодбошии бародарона: кадом президент аввалин шуда Раҳмонро табрик кард?

Дастовардҳои варзишӣ

Раҳмон монанди Борис Елтсин дӯстдори тенниси калон аст ва ҳатто дар ин бозӣ бар президенти нахустини Ӯзбекистон Ислом Каримов пирӯз шудааст. Дар баробари ин ҳар сол, (то ҳамагирии коронавирус) дар Рӯзи дави миллӣ президент ба майдон мебарояд. Ҳамчунин шавқи ӯ ба футбол низ эҳсос мешавад.

Солҳои охир президентро бо пӯшоки махсуси зимистона дар Сафед-Дара сари чанбарак аксбардорӣ мекунанд. Вале ин танҳо шуғле ба ҳисоб меравад.

Ҳоҷӣ Раҳмон

Новобаста аз он, ки Тоҷикистон кишвари дунёвӣ аст, президент садоқати худро ба дини Ислом ошкоро намоиш медиҳад.

Масалан Раҳмон чанд маротиба ба шаҳрҳои муқаддаси Маккаю Мадина сафар карда, адои маросими Ҳаҷ намудааст. Соли 2005 Раҳмон дар доираи саммити кишварҳои Созмони ҳамкориҳои исломӣ хонаи Худоро зиёрат карда буд.

Ҳамчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати раҳбари Арабистони Саудӣ ва ходим-ул ҳарамайни онвақтаи Каъба - Абдулло ибни Абдулазиз ба дохили Каъба даромад. Чунин шараф на ба ҳар кас насиб мешавад.

Дар умум президенти Тоҷикистон чаҳор маротиба ҳаҷҷи умра ба ҷо овардааст: соҳои 1997, 2001, 2005 ва 2015.

Президенти серфарзанд

Президенти Тоҷикистон доим дар суханрониаш аз ҳифзи арзишҳои оилавӣ ва ҳурмати бузургсолон ҳарф мезанад. Ин мавзуъ ба худи президент бисёр наздик аст. Чун Раҳмон падари серфарзанд мебошад. Ӯ ҳафт духтар ва ду писар дорад. Дар ҳудуди кишварҳои пасошӯравӣ ягон президент аз чунин давлат бархӯрдор нест.

Мэр Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ мири шаҳри Душанбе 32 сола шуд

Писари бузургии президент Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе мебошад. Дар бораи ҳамсари президент Азизмо Асадуллоева хеле кам маълум аст, чун ӯ дар сафарҳои кишвардор на ҳамеша ӯро ҳамроҳӣ мекунад ва умуман кам ба маъзари ом мебарояд.

Сиёсатмадори муваффақ

Эмомалӣ Раҳмон дар рейтинги пешвоёни кишварҳои пасошӯравӣ аз рӯи мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ (бо назардошти раёсат дар Шӯрои Олӣ - ҳамагӣ 28 сол) дар сафи пеш буда аз Лукашенко (26-сола) ва ба зудӣ, аз Назарбоев (29-сола) ҳам пеш мегузарад.

Унвонҳо

Бо назардошти он, ки мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф карда шудааст, касе наметавонад рекорди ӯро бишканад.

Озода Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Пулдорӣ дар хориҷу идораи тиҷорат барои мансабдорон манъ: суҳбати Озода Раҳмон

Ин на танҳо як унвони фахрӣ, балки як асбоби муҳими сиёсист, ки барои пешбарии бемаҳдуд ба мақоми олӣ роҳ мекушояд ва ҳатто пас аз тарки вазифа, ҳуқуқ дорад сиёсати хориҷӣ ва дохилии давлатро муайян кунад.

Дар мавриди унвонҳо ва мукофотҳо боз як далели аҷибе ҳаст. Раҳмон дар кишвар ягона нафарест, ки дар давраи ҳаёташ ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст.

Ба ҳама гуна шакли ҳукумат омода аст

Замоне, ки ИҶШС пош хӯрд ва ҷумҳурӣ истиқлолият ба даст овард, роҳбарияти кишвар муддати тӯлонӣ интихоб мекард, ки кишварро кӣ бояд идора кунад - президент ё парлумон?

Ва сарвари кунунии Тоҷикистон ҳам дар шакли идоракунии парлумонӣ ва ҳам дар давраи президентӣ кишварро роҳбарӣ мекард.                                                                                  

Лентаи хабарҳо
0