Манфиатҳои муштарак густариш меёбанд: Рӯҳонӣ пирӯзиро ба Раҳмон табрик гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевПрезидент Ирана Хасан Роухани и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Ирана Хасан Роухани и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Ҳасани Рӯҳони, раисҷумҳури Эрон имрӯз ба унвони Эмомалӣ Раҳмон барои дубора интихоб шуданаш ба ҳайси раисҷумҳури Тоҷикистон паёми шодбошӣ ирсол кард

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ба нақл аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон, Ҳасани Рӯҳонӣ дар паёми табрикотиаш Эмомалӣ Раҳмонро самимона табрик гуфта, қайд кардааст, ки муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии ду кишвари дӯсту бародар дар давраи ҷадиди масъулияти раисҷумҳури Тоҷикистон, муносиботи ҳамаҷонибаи Эрон ва Тоҷикистон дар роҳи таъмини манфиатҳои муштарак ва таҳкими сулҳу суботи мантақавӣ беш аз пеш густариш хоҳад ёфт.

Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Путин Раҳмонро табрик кард ва бори дигар аз мушорикат стратегӣ ёдовар шуд

Рӯҳонӣ дар паёмаш аз Худованди мутаол барои Эмомалӣ Раҳмон саломатӣ ва мувафаққият, орзу намудааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Эмомали Раҳмонро, раисҷумҳури Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Беларус табрик карда буданд.  

Дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр баргузор шуд.

Интихобот тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ шаҳрвандоне, ки бо ҳукми додгоҳ маҳкум шудаанд, ҳаққи иштирок кардан надоштанд.

Дар хориҷ аз Тоҷикистон барои раъйдиҳии шаҳрвандони бурунмарзӣ дар 29 давлати ҷаҳон нуқтаҳои овоздиҳӣ кушода мешаванд. Танҳо дар Русия дар панҷ шаҳр – Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа нуқтаҳои овоздиҳӣ амал карданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала