Паёми таслияти сафорати Тоҷикистон дар Эрон ба муносибати даргузашти Шаҷариён

© SputnikФлаг Таджикистана, архивное фото
Флаг Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон дар паёме ба раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон даргузашти Муҳаммадризо Шаҷариёнро таслият гуфт

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Эрон дар ин паём, аз даргузашти Шаҷариён ба унвони барҷастатарин ҳунарманди арсаи овоз ва мусиқии суннатии Эрон ибрози таассуф карда ва ин фиқдонро ба Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон, аҳолии мусиқӣ, адабу фарҳанги Эрон ва кулли дӯстдорони ҳунари Шаҷариён таслият гуфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамдардии Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Шаҷариён муъаррифи ашъори шоирони бузурги забони форсӣ аст

Бино бар иттилои манбаъ, сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон барои бастагони шодравон Шаҷариён сабри ҷамил орзӯ намудааст.

Дар паёми сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ҳамчунин омада аст: “Ҳунари мусиқӣ ва садои сиҳромези устод Шаҷариён аз марзҳои миллӣ фаротар рафта ва мусиқии суннатии кишварашро ба ҷаҳонён дар беҳтарин ваҷҳ муаррифӣ кардааст. Аҳолии мусиқии суннатӣ дар Тоҷикистон низ бо ҳунари беназири устоди фақид ошно буданд ва ёди ӯро гиромӣ медоранд”.

Муҳаммадризо Шаҷариён рӯзи панҷшанбе 17 меҳр баробар бо 8 октябр дар сини 80 солагӣ бар асари бемории саратон чашм аз ҷаҳон фурӯбаст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала