Раҳмон аз мардуми Тоҷикистон сипосгузорӣ кард

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми Тоҷикистон, ки дар интихоботи гузашта фаъолона иштирок карданду аз раисҷумҳури феълӣ дастгирӣ намуданд, самимона изҳори сипосу миннатдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба тамоми мардуми Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ ва дастгирӣ намудани номзадиаш изҳори сипос кардааст.

“Ҳамчунин, бо қаноатмандиву ифтихор хотирнишон месозанд, ки интихоботи Президенти Тоҷикистон боз ба тантанаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон, нишонаи олии фарҳанги баланди сиёсиву мавқеи устувори шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии сокинони кишвар, инчунин, ба далели равшани дастгирии гарму самимона аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими минбаъдаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони Тоҷикистон табдил ёфт”, - таъкид доштааст раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин, қайд намудааст, ки интихоботи доиргардида ҳамчун рамзи сулҳу суботи комили сиёсии кишвар ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик, бешубҳа, боиси боз ҳам баланд гардидани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Далелҳои камёфт дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Дар баробари ин, раисҷумҳури кишвар ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат карда, бори дигар хурду бузурги кишварро даъват мекунанд, ки раванди корҳои ободониву созандагиро барои истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сисолагии истиқлолияти Тоҷикистон вусъат бахшида, бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи худ дар ободии Ватан, пешрафти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани некӯаҳволии сокинони кишвар саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.

Интихобот тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ шаҳрвандоне, ки бо ҳукми додгоҳ маҳкум шудаанд, ҳаққи иштирок кардан надоштанд.

Дар хориҷ аз Тоҷикистон барои раъйдиҳии шаҳрвандони бурунмарзӣ дар 29 давлати ҷаҳон нуқтаҳои овоздиҳӣ кушода мешаванд. Танҳо дар Русия дар панҷ шаҳр – Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа нуқтаҳои овоздиҳӣ амал карданд.

Лентаи хабарҳо
0