ВКД шарҳ дод барои чӣ ба кӯчаҳои Душанбе техникаҳои махсус бароварда шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешАвтомобиль полиции, архивное фото
Автомобиль полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хабаре пайдо шуд, ки дар назди биноҳои давлатӣ ва ҷойҳои серодам техникаҳои махсуси ВКД ба назар мерасад

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабари пурзур шудани чораҳои амниятӣ дар маркази Душанбе баъд аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳуриро шарҳ дод.

Тибқи иттилои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, қаҳвахонаву мағозаҳо дар шаҳр ба монанди ҳаррӯза дар ҳолати оромӣ фаъолият доранд.

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои бузург, аз ҷумла интихобот, техникаҳои махсуси ВКД танҳо шаб ба кӯчаҳо бароварда мешаванд. Ҳоло дар маркази пойтахти кишвар ҳеҷ як техникаи махсусе нест. Кормандони милитсия мисли рӯзҳои дигар кор мекунанд”, - шарҳ доданд дар ВКД.

Вазорат ҳамчунин таъкид доштааст, ки пайдо шудани техникаҳои махсус дар кӯчаҳои Душанбе – таҷрибаи оддиест, ки аз он хавотир набояд шуд.

Каҳвахонаву тарабхонаҳои пойтахт мисли ҳамарӯза фаъолият доранд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон қайд кард, ки маълумот дар бораи техникаҳои махсус дар кӯчаҳои пойтахт асоси воқеъӣ надорад.

ВКД бори дигар таъкид доштааст, ки пурзур намудани чораҳои амниятӣ як иқдоми маъмулиест, ки дар даврони баргузории интихобот сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала