Натоиҷи интихоботи президенти Тоҷикистон - 2020 дар як дақиқа - видео

Обуна шудан
Натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ҷамъбаст карда шуданд ва муҳимтарин лаҳзаҳои интихоботро аз навори омоданамудаи Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед

Интихоботи президенти Тоҷикистон рӯзи 11 октябр баргузор гардид. Барои ба даст овардани курсии раёсатҷумҳурӣ 5 номзад аз аҳзоби гуногуни кишвар вориди ақобат шуданд.

Мужчина на избирательном участке в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Нозирони ИДМ интихобот дар Тоҷикистонро шаффоф ва рақобатпазир хонданд

Ҳавзаҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон дар рӯзи интихобот аз соати 06:00 оғоз ёфт. Дар Тоҷикистон дар умум 3 375 ҳавзаҳои интихоботӣ фаъол шуда, инчунин дар 29 кишвари хориҷӣ низ нуқтаҳои раъйдиҳӣ кушода шуданд.

Тибқи натиҷаҳои пешакии Комиссияи марказии интихобот, иштироки интихобкунандагон 85,3 фоизро ташкил дода, дар маҷмӯъ 4.221.076 миллион сокини Тоҷикистон барои овоздиҳӣ ба президент омадаанд.

Чаро Усмонзодаро ба интихобот роҳ надоданд? шарҳи Худоёрзода ҳангоми эълони натиҷаҳо

Президенти кунунии Тоҷикистон Эмамоли Раҳмон дар интихобот бо бартарии бузург пирӯз шуд. 

Зиёда аз 3,8 миллион шаҳрвандон изҳори хоҳиш карданд, ки ӯро барои ҳафт соли оянда президенти кишвар бинанд.

Лентаи хабарҳо
0