Чин: Амрико дигар кишвари абарқудрат нест

© AP / Andy WongФлаг США и флаг Китая, архивное фото
Флаг США и флаг Китая, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин дар нишаст матбуотие эълон кардааст, ки Амрико бо хориҷ шудан аз тавофуқҳои байналмилалӣ, дигар абарқудрат нест

ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik. Жао Лиҷиян, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин дар нишасти матбуотие таъкид кардааст, ки дар ҷаҳон кам кишваре ҳаст, ки мехоҳанд бо Амрико ҳамкорӣ кунад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба гузориши торнамои шабакаи хабарии “Алолам”.

У США не получается создать вакцину от коронавируса – виновата Россия - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Амрико аз ӯҳдаи сохти ваксина намебарояд ва дар бохташ Русияро айбдор мекунад - навор

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин дар посух ба суоле дар бораи суханони Майк Пампео, вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, ки гуфта буд: “кишварҳои ҷаҳон бо Амрико ҳамроҳ шудаанд”, таъкид кард: “Он чӣ Пампео гуфт, хилофи воқеиятҳои мавҷуд аст ва ҳамон тавр, ки рӯзномаи “Вашингтон пост” чанде қабл навишт, тамоюли Пампео ба тағйири сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида ба далели ҷоҳталабиҳои сиёсии худи ӯ аст”.

“На танҳо дар Иёлоти Муттаҳида, балки дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла байни шарикон ва муттаҳидони Амрико ин бовар вуҷуд дорад, ки имрӯз ин кишвар ба ҳеч ваҷҳ як абарқудрат ба назар намерасад”, - афзуд вай.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин ҳамчунин қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида бо шиори “Аввал Амрико” ба якҷонибагароӣ ва зӯргӯӣ рӯй оварда, ба хориҷ шудан аз гурӯҳҳои чандҷонибаву тавофуқномаҳо хӯй гирифтаву тамоюли бештаре ба таҳрим кардан дорад.

“Ин кишвар ба як музоҳим табдил шуда, ки назми байналмилалиро заиф ва қавонини байналмилалиро таҳдид мекунад”, - зикр кард ӯ.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала