"Эҳтиёт кунед": дар Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳии пешгирии коронавирус пурзӯр мешавад

© AP / Didor SadulloevВыборы в Таджикистане
Выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар як қатор муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои хизматрасони шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, оид ба пешгирии бемории короновирус ба сокинон маълумотҳои зарурӣ расонида шуд

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳии пешгирии коронавирус пурзӯр мешавад, гузориш медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Бино бар иттилои манбаъ, корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аз тарафи кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд ба роҳ монда шудааст.

"Чунин як мулоқоти судманд имрӯз, 14 октябри соли равон  дар як қатор муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои хизматрасони  шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, оид ба пешгирии бемории короновирус ба сокинон маълумотҳои зарурӣ расонида шуд ва инчунин ба аҳолӣ ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим  гардид", - менависад манбаъ.

Ҳамзамон, дар маркази савдои “Афросиёб” ва майдони Регистони бозори Панҷшанбе зимни гузаронидани чорабинии муфид оид ба истифодаи ниқоб ва маводи антисептикӣ бо сокинон роҳҳои пешгирӣ аз  ин бемориҳои сироятӣ фаҳмонида шуда, беш аз 500 адад ниқоби тиббӣ ва 1000 адад варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Детская площадка в детском саду - Sputnik Тоҷикистон
Рӯ ба коҳиш ниҳод: омори тозаи сироят ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим  дар вилояти Суғд Зуфнунахон Хоҷаева зимни суҳбат таъкид намуд, ки истифодаи ниқобҳои тиббӣ ҳатмӣ мебошад ва мо зимни гузаронидани мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон зарурати истифодаи  ниқоб, маводи антисептикӣ ва роҳҳои пайдоиши бемориҳои сироятиро мефаҳмонем.

Мулоқотҳои мо бо аҳолӣ ба таври доимӣ идома дошта, баргузории онҳо дар шаҳру навоҳии вилоят низ тибқи нақша ба роҳ монда шудааст.

Ихтирои донишгоҳҳои Хуҷанд дар замони коронавирус - акс

Мавриди зикр аст, ки чунин як мулоқот дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №16, 3, гимназияи “Кавсар”, мактаби хусусии “Паймон” низ гузаронида шуда, ба ронандагони  нақлиётҳои чамъиятӣ низ варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои тиббӣ ройгон тақсим карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0