Раиси шаҳри Норак бо масъулин муқовимат бо экстремизму терроризмро баррасӣ кард

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешПриветственная арка перед въездом в город Нурек в Таджикистане, архивное фото
Приветственная арка перед въездом в город Нурек в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар толори мақомоти шаҳри Норак ҷаласаи навбатии Шӯрои шаҳрии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Норак, дар ин ҷаласа аъзои Шӯро ва шахсони масъули шаҳр иштирок намуданд.

Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон
Маликшо Неъматзода: шаҳри Норак дар як рӯз 100 дарсади нақшаро иҷро кард

Гуфта шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур раиси шаҳр Неъматзода Маликшо ҳозиринро бо чанд масоили ҷиддии рӯзмара ошно кард рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.

Гуфта шудааст, ки аъзои Шӯро масъалаҳои вазъи корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар шаҳр, ҳолати фаъолияти маҳфилҳои ҳуқуқӣ  ва ҳавасмандгардонии иштирокчиёни озмунҳои шаҳрӣ, вазъи пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар  байни аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон, ҳамкориҳои  шаҳрвандон  бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо,махсусан муқовимат бо экстремизм, терроризм, савдои одамонро барраси намуданд.

Ҳамчунин аъзои шӯро ба масоили муомилоти  ғайриқонунии воситаҳои  нашъадор, ҷиноятҳо муқобили  амнияти  иттилоотӣ, ки хусусияти фаромиллӣ  касб намудааст, ба роҳ  мондани корҳои ташвиқотӣ оид ба фаҳмондадиҳии  қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор дода, Шӯро оиди масъалаҳои  рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намуд”.

 Гуфта шудааст, ки дар кори Шӯро  раиси Суди вилояти  Хатлон  Мирзозода Рустам Пираҳмад ба аъзои Шӯро барои беҳтар намудани фаъолияти корӣ маслиҳатҳои амалию методӣ расонид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала