Маликшо Неъматзода ҳисобот дод: даромади буҷети маҳаллӣ 103 фоиз таъмин гардид

© Sputnik / Стас ЭтвешТаджикские деньги, архивное фото
Таджикские деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Норак таъкид доштааст, ки новобаста аз паҳншавии коронавирус ва расонидани таъсири манфӣ ба пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар корхонаю муассисаҳои шаҳр дар нуҳ моҳи соли равон бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Мақомоти шаҳри Норак таъкид доштааст, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ  даромади  буҷети маҳаллӣ  103 фоиз ё 41,6 миллион сомонӣ  таъмин гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Норак.

Приветственная арка перед въездом в город Нурек в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Норак бо масъулин муқовимат бо экстремизму терроризмро баррасӣ кард

Манбаъ қайд кардааст, ки ҳиссаҷудокунӣ ба  буҷети  вилоятӣ 6,2 млн сомониро ташкил дод. Аммо қисми хароҷоти буҷет бошад 88 фоиз ё ин ки 34,4 миллион сомонӣ  таъмин карда шуд.

Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки бақияпулиҳои андоз нисбати аввали сол 12,9 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

 Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ  корхонаҳои саноатии шаҳр 1,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта  104,2 фоиз ё  ин ки 74,2 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади таъмини ҷойҳои нави корӣ дар ин давра 4 коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ таъсис дода шуд.

Маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 57,6 миллион сомонӣ ё ин ки  15 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст.

Инчунин бонкҳои дар шаҳр фаъолиятдошта  дар ин давра 20,4  миллион сомонӣ қарзҳои кутоҳмуддати  бонкӣ  додаанд, ки аз  он  820,5  ҳазор  сомонӣ ба самти кишоварзӣ  равона  гардидааст.

Нурекская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Бе барқ намемонем: НБО "Норак" ва "Бойғозӣ" ба фасли зимистон комилан омодаанд

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон  193 адад иншоот ба нақша гирифта шуда, дар ин давра 104 адад иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст.

Гуфта шудааст, ки ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифода шуда  дар маҷмуъ 92 фоиз  иҷро гардидааст.

Таъкид шудааст, ки ба ҳолати имрўза бақияи қарзи неруи барқ 21,4 миллион  сомонӣ буда, нисбат ба аввали сол  776,5 ҳазор сомонӣ  кам  гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода ҳамзамон  диққати ҳозиринро ба падидаҳои номатлуб, аз ҷумла  нашъамандӣ  дар миёни ҷавонон, зиёд шудани ҷиноят, ҷудошавии оилаҳои ҷавон,беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи хонандагон, таъсиси китобхонаҳо, баргузории озмуну чорабиниҳо ҷиҳати ҳарчӣ бештар ҷалб намудани аҳолӣ ба мутолиаи китоб  равона намуда, ҳозиринро ба корҳои  созандагию  бунёдкорӣ  ҳидоят намуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала