Омори нави коронавирус дар Тоҷикистон: 80 қурбонӣ ва бештар аз 10 ҳазор мубталошуда

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкЖенщина в таджикском национальном костюме и маске
Женщина в таджикском национальном костюме и маске - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, шифоёбӣ ва марг аз коронавирусро дар кишвар нашр кард

ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 38 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  10493 нафар баробар гардид.

Ҳамзамон,  дар як шабонарӯзи охир 54 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9511  (90,6%)  баробар гардид. Инчунин, бар асари ин беморӣ  80 нафар фавтидаанд.

Учения спецслужб аэропорта по подготовке возможному прибытию инфицированных коронавирусом, в аэропорту Алматы.  - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши мубталоёни коронавирус дар Қирғизистон: аз 52 ҳазор гузашт

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Афзоиши теъдоди маризони коронавирус дар Ӯзбекистон: аз 63 ҳазор гузашт

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

 

Лентаи хабарҳо
0