Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе ба донишомӯзони афғон кумак расонд

© Пресс-служба мэрии ДушанбеДоставка гуманитарного груза медикаментов из Индии в Таджикистан
Доставка гуманитарного груза медикаментов из Индии в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе ба мадрисаи донишомӯзони афғон дар пойтахти Тоҷикистон таҷҳизоти роёнаӣ эҳдо кард

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Вирҷ Сингх, сафири Ҳиндустон дар Душанбе 25 дастгоҳи роёна ва таҷҳизоти ҷонибии онро ба донишомӯзони мадрисаи афғонҳо дар Душанбе эҳдо кард, иттилоъ додааст сомонаи расмии сафорати Ҳидустон дар Тоҷикистон.

Пробирки с биоматериалом в лабораторном комплексе - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ густариш медиҳанд

Тибқи иттилои манбаъ, мадрисаи мавсӯм ба Сомониён танҳо маркази омӯзишӣ барои кӯдакони афғони муқими Душанбе дар соли 2000 таъсис шуд.

Гуфта шудааст, ки дар ин мадриса 480 донишомӯзи афғон таҳсил мекунанд.

Тоҷикистон тасмим дорад содироти молу колоҳояшро ба Ҳиндустон афзоиш диҳад

Сафорати Ҳинд дар Душанбе ҳамчунин эълом доштааст, ки ба зуддӣ озмоишгоҳи роёнаии ин мадрисаро ифтитоҳ хоҳад кард.

Таъкид шудааст, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ ҳамвора таҷҳизот, навиштафзор ва либоси мадрасаро дар ихтиёри донишомӯзони ин маркази омӯзишӣ қарор медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0