Мардуми Ишкошимро аз хатари нашъамандӣ огоҳ карданд

© Nazir AbbasПамир, архивное фото
Памир, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар доираи ҳамоиши муштарак, ҳамчунин даври ниҳоии мусобиқаҳои варзишии волейбол, шашка ва шоҳмот миёни ҷавонони ноҳия  баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар маркази ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти шиори "Якҷо бо маводи нашъадор мубориза мебарем" ҳамоиши муштараки фарҳангӣ-маърифатӣ ва варзишии "Корвони зиддимухаддиротӣ-2020" оғоз гардид.

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар", ҳамоиши мазкур бо риояи қоидаҳои пешгирӣ аз хатари бемории сироятии коронавирус аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Помощник президента по вопросам социального развития и связям с общественностью Абдуджаббор Рахмонзода - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмонзода: вазъи ВНМО ва нашъамандӣ байни ҷавонон нигаронкунанда аст

Дар ҳамоиши муштарак раиси ноҳияи Ишкошим Мӯсо Мирзозода, сардори шуъбаи пешгирии нашъмандиии Агентии назорати маводи нашъаовар  полковник Бозоралӣ Сафарализода, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти ноҳияи Ишкошим, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ширкат кардаанд.

Гуфта шудааст, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои  маълумоти бештар пайдо кардани насли наврасу ҷавон оид ба хатари нашъамандӣ, тарғиби интихоби дурусти ҳаёт тавассути варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ мусоидат мекунанд.

Дар доираи ҳамоиши муштарак даври ниҳоии мусобиқаҳои варзишии волейбол, шашка ва шоҳмот миёни ҷавонони ноҳия  баргузор шуда, дар фазои тантанавӣ аз номи роҳбарони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ ва Вазорати корҳои дохилии мамлакат  ба ғолибон Ҷом, диплом, медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Манбаъ афзуда, ки ҳамоиши  муштараки "Корвони зиддимухаддиротӣ-2020" фарогири 14 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ: Ишкошим, Хоруғ, Дарвоз, Ш.Шоҳин, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Шаҳритус, Бохтар, Панҷакент, Хуҷанд, Исфара ва Душанбе буда, баргузории он дар дар ин шаҳру ноҳияҳо дар назар дошта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0