Боз чорводуздӣ: ҷавони 25-сола боздошт шуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боз аз як ҳолати чорводуздӣ хабар дод, ки бо гумони содир кардани он ҷавони қаблан судшуда боздошт гардидааст

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Қубодиён марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи мазкур аз дуздии чорвояш шикоят кардааст. 

Арест, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти як ҷавон барои дуздии чорво: аввал аз падараш, баъдан аз дигаронро рабуд-видео

Муроҷиаткунанда арз намудааст, ки санаи 8-уми октябри 2020, тахминан соатҳои 13:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз сари заминҳои хоҷагии деҳқонии деҳаи мазкур, 1 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки зарари расонидашуда 5 ҳазору 100-сомониро ташкил медиҳад.

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Т.Сангини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд", - омадааст дар иттилоия.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала