Боздошти нозири “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” барои тасарруфи маблағ

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСнятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото
Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон аз боздошти назоратчӣ-барқчии “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” хабар медиҳад, ки барои азхудсозии маблағҳо муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ Беҳрузи Шерализода дар вазифаи назоратчӣ-барқчии хатсайри зеристигоҳи “Соҳилӣ”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” дар ноҳияи Фирдавсӣ кор карда истода, даст ба чунин кор задааст.

Нурекская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Бе барқ намемонем: НБО "Норак" ва "Бойғозӣ" ба фасли зимистон комилан омодаанд

Ба иттилои манбаъ,  зимни иҷрои вазифаҳои хизматиаш моҳи августи соли 2018 ва моҳи феврали соли 2020 аз ҶДММ “Анушервон” маблағи 15390 сомонӣ, қисмҳои эҳтиётии воситаи нақлиётро ба маблағи 5800 сомонӣ қабул карда онро ба хазинаи ҷамъият ворид накарда, тасарруф намуда ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф намудааст.

“Беҳрузи Ш. бо ин кирдораш ба ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” зарари ҷиддии модӣ расонидааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Беҳрузи Ш. бо моддаи 245 қисми 2 бандҳои “б,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Боздошти собиқ нозири барқ: аз вазифа рафту, аммо пули сокинонро мегирифт

Ёдовар мешавем Оҷонсии зидди фасод ҳафтае қабл низ аз боздошти Нарзиев Алишер Ниёзович нозири барқ дар пойтахт хабар дода буд, ки барои фиреби сокинон муттаҳам дониста мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0