Уайт Нурмуҳаммадовро беҳтарин размикори UFC эълон кард

Дана Уайт, роҳбари UFC ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар феҳрасти беҳтарин размикорони ҷаҳон мақоми аввалро дод

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Роҳбари UFC дар пайи пирӯзии Ҳабиб Нурмуҳаммадов бар Ҷастин Гейҷӣ, қаҳрамон дар вазни сабукро беҳтарин размикори ин созмон сарфи назар аз гуруҳбандиҳои вазнӣ хонд.

Изҳороти Уайт дар саҳифааш дар Twitter нашр шудааст.

“Муборак бошад тими Ҳабиб, ҳар чиро дар назар доштед, амалӣ кардед. Беҳтарин размикор ​​P4P (Pound-for-pound - идора) дар ҷаҳон ва воқеан  G.O.A.T. дар варзиш мебошед", - навишт роҳбари UFC.

Хабиб Нурмагомедов защитил титул чемпиона UFC в легком весе - Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз хатми “карера”-аш чӣ кор хоҳад кард-видео

Шаби 25 октябр Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар даври дуюми сабқат бо Ҷастин Гейҷӣ бо истифодаи усули буғикунанда пирӯз шуд. Феълан Ҳабиб шикастнодида буда, дар 29 сабқаташ 29 пирӯзӣ дорад.

Дар пайи пирӯзӣ бар Гейҷӣ, Нурмуҳаммадов аз роҳбарияти UFC хост, ӯро дар садри беҳтарин размикорон ҷой диҳанд, чун ӯ арзанда бошад.

Ҷон Ҷонс, ки то ҳол дар сархати беҳтарин размикорон қарор дошт, аз мақомаш ба фоидаи Нурмуҳаммадов даст кашид.

Pound-for-pound – нисбати размикоре кор бурда мешавад, ки новобаста аз вазн беҳтарини беҳтаринҳо эътироф шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала