Эълони қатъи обрасонӣ дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе

CC BY 2.0 / tico_24 / DropletsВодопроводный кран , архивное фото
Водопроводный кран , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе, бо сабаби корҳои таъмирӣ, қатъи оби нӯшокӣ аз рӯи нақша идома дорад ва сокинонро зарур аст барои як шабонарӯз об захира кунанд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе аз 26 то 27 октябр интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.

Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе тасдиқ шудааст. Мувофиқи он бо сабаби корҳои таъмирӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии "Ҷанубӣ-Ғарбӣ", "Кофарниҳон", "Худҷореъ"  ва "Фишорӣ" интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад. 

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ қатът об ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77 бе оби нушокӣ хоҳанд монд.

Кухонный кран. - Sputnik Тоҷикистон
Захира кунед: эълони қатъи обрасонӣ дар кӯчаю маҳаллаҳои Душанбе

Дар ноҳияи Сино, маҳаллаҳои  10,11,12,13,14,15,15А,31, 82,83,84, 91,92,101,102,103,104,112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам.

Таъмини об дар ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли  барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз соати 23-00 рӯзи 26 октябр то соати 24-00 рӯзи  27-ум қатъ мегардад.

Шаҳрдорӣ аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш кардааст, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира намоянд.

Ҳамзамон раисони чор ноҳияи пойтах ва директори Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" вазифадор шудаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Лентаи хабарҳо
0