Оромгоҳи Мӯъмин Қаноат навсозӣ ва нимпайкарааш гузошта шуд-акс

© SputnikПайкараи Муъмин Қаноат, шоири шинохтаи Тоҷикистон
Пайкараи Муъмин Қаноат, шоири шинохтаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оромгоҳи Мӯъмин Қаноат дар мазористони Лучоби шаҳри Душанбе пурра навсозӣ шуда, нимпайкарааш низ гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 31 окт – Sputnik. Яке аз мубтакирони ин кори хайр, ки нахост номаш зикр шавад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз ободсозии оромгоҳи шоири маъруф адои эҳтиром ва сипосгузорӣ аз хизматҳои ӯ пеши халқу ватан ва адабиёти тоҷик аст.

“Муъмин Қаноат як шахсияти арзандаи на фақат адабиёту сиёсат, балки дар кулл таърихи Тоҷикистон аст. Ҳар қадар ки барои гиромидошти ӯ накунем, ҳамоно кам аст. Ҳоло ин коре, ки кардем, пурра нест. Дар пеши шоир як китоби кушода аз мармари Дарвоз гузошта хоҳад шуд, ки бо латун (зарҳал) дар он шеъри “Тоҷикистон - исми ман” ҳаккокӣ шудааст”, - гуфт ӯ.

Мӯъмин Қаноат, яке аз чеҳраҳои мондагори адабиёти тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1977), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, 20 май соли 1932 дар ноҳияи Дарвози Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, 18 майи соли 2018 дар синни 86 – солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид.

Мумин Каноат. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Охирин мусоҳибаи шоири шаҳири тоҷик Мӯъмин Қаноат

Муъмин Қаноат дар замони Шӯравӣ вазифаҳои мухталифи давлативу ҷамъиятиро дар Тоҷикистону Иттифоқи Шӯравӣ ба зимма дошт. Котиби якуми Раёсати Иттиҳодияи нависандагон, директори Институти осори хаттии АИ ҶТ, намояндаи мардумӣ ва раиси Кумитаи корҳои байналхалқии Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ, котиби Раёсати Иттиҳоди нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Муъмин Қаноат муаллифи чандин достону маҷмӯаи ашъор буда, яке аз шоирони тоҷик аст, ки аксари кулли осораш ба чандин забони хориҷӣ дар замони Шӯравӣ ва баъди он тарҷума шудаанд.

Хезед бобо Дарвоз мерем: арӯси хонаводаи Мӯъмин Қаноат аз вопасин суханҳои шоир нақл кард

Ӯ соли 1977 барои достонҳои "Сурӯши Сталинград" ва "Модарнома" мӯътабартарин ҷоизаи Шӯравӣ - Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравиро дарёфт карда, ба қавли адабиётшиносон, достонҳои “Тоҷикистон – исми ман”, “Гаҳвораи Сино”, “Масъуднома” ва силсилаи “Созҳои Шероз” ӯро ба ҷумлаи маъруфтарин шоирони порсигӯйи садаи 20 шомил кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0