Ақабнишинии Макрон аз мавозеи исломситезона

© REUTERS \ Majid Asgaripour/WANAПротест у посольства Франции в Тегеране
Протест у посольства Франции в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса рӯзи шанбе дар паёми “Твиттер”-ӣ навишт: “бар хилофи матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ Фаронса бо ҳеч мазҳабе, мушкиле надорад.”

ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Фаронса бо ақабнишинӣ аз мавозеи исломситезонаи худ, матолиби шабакаҳои иҷтимоиро хилофи воқеъ донист.

Ба гузориши Парс тудэй, Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса рӯзи шанбе дар паёми “Твиттер”-ӣ навишт: “бар хилофи матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ Фаронса бо ҳеч мазҳабе, мушкиле надорад.”

Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қодиров гуфт, барои мавқеъгирияш дар робита ба Макрон омода аст истеъфо ва ё ҷон диҳад

Макрон бидуни ишора ба изҳороти исломситезонаи худ дар рӯзҳои гузашта муддаӣ шуд, ҳамаи пайравони мазоҳиб озодона маносики мазҳабии худро анҷом медиҳанд.

Раисиҷумҳури Фаронса, дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии “Алҷазмра” дар тавҷеҳи иқдоми таҳқиромези нашрияи “Charlie Hebdo” дар суханони риёкорона гуфт, ки эҳсосоти мусулмонон дар қиболи карикатурҳои мунташир шуда дар нашрияҳои фаронсавиро дарак мекунад.

Нашрияи фаронсавии “Charlie Hebdo”, дар рӯзҳои ахир иқдом ба интишори карикатурҳои тавҳиномез дар бораи Паёмбари гиромии ислом (с) кардааст.

Мусалмонони дунё барои тасвирҳои танзомези Муҳаммад дар Фаронса ба по хестанд - навор

Раисиҷумҳури Фаронса низ дар изҳороте дур аз урфи дипломатӣ ва мабонии демократӣ эълом карда буд, Фаронса ҳамчунон ба интишори карикатурҳои тавҳиномез алайҳи Паёмбари гиромии ислом (с) идома хоҳад дод.

Ин изҳороти исломситезонаи Макрон бо интиқодҳо ва маҳкумиятҳои густардаи мардуми мусулмон, мақомҳо ва шахсиятҳои ҷавомеи исломӣ дар саросари ҷаҳон мувоҷеҳ шуд.

Лентаи хабарҳо
0