Бебарқии хоҳари Ӯлҷабоев дар пайи таъмири НОБ – и ба номи ӯ – шарҳи "Барқи тоҷик"

© Sputnik / Амир ИсаевХуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
"Барқи тоҷик" мегӯяд, камбуди барқ дар бархе навоҳии ҷумҳурӣ маҳдудият нест, аз корҳои таъмири нерӯгоҳи "Норак" аст

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкат, ки худ алъон дар "Норак" қарор дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир дар нерӯгоҳ корҳои профилактикӣ ҷараён доранд, қабл аз ҳама, чархаҳои он таъмир мешаванд.

"Ҳамин ҳоло чархаи дуюм аз таъмир баромад. Агар имрӯз ин корро накунем, зимистон ба мушкил дучор меоем. Мо ба хотири таъмини мардум аз содироти барқ даст кашидем. Сатҳи обро муҳтотона эҳтиёт мекунем. Аз ин хотир, аз мардуми кишвар хоҳиш мекунем, ки моро дарк кунанд", - гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Қаблан иддае аз сокинони навоҳии атрофи Душанбе, назири Рӯдакиву Ҳисор, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз маҳдудияти барқ дар маҳаллҳои худ хабар доданд. Як сокини ноҳияи Рӯдакӣ навишт, ки шабакаи барқи ноҳияи Рудакӣ гуфтаанд, НОБ-и "Норак" - ро таъмир карда истодаанд, 5 - 6 рӯз барқ намешавад.

"Нерӯгоҳи барқи обии "Норак" дар номи Турсун Ӯлҷабоев. Хоҳари Турсун Ӯлчабоев, модари 87-сола Ҳикматой Ӯлҷабоева аз набудани барқ дар хонааш азоб мекашад", - навишт ӯ.

Сухангӯи "Барқи тоҷик" мегӯяд, қатъи пурраи барқ ҳеҷ гоҳ сурат нахоҳад гирифт, зеро на фақат "Норак", балки дигар манобеъи таъмини барқ низ пурра қатъ намешаванд ва иқтидори умдаи онҳо мавриди истифода қарор дорад.

Лампочка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Лимит"? : чаро дар Тоҷикистон барқкушӣ сар шуд

"Барқ ҳам мисли офтобу борон аст. Ҳеҷ касро интихоб намекунад. Ба ҳама яксон тавзеъ мешавад. Талоши шабонарӯзии мо ин аст, ки на фақат ин модари бузургвор, балки тамоми мардум барқ дошта бошанд. Лутфан, афроди алоҳида воҳимаангезӣ накунанд", - гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Тоҷикистон солона ҳудуди 20 миллиард киловат соат барқ истеҳсол мекунад, ки беш аз 11 миллиарди он ба нерӯгоҳи "Норак" рост меояд. Зарфияти насбшудаи неругоҳ 3000 мегаватт, аммо зарфияти мавҷуди он 2300 мегаватт аст.

Тибқи иттилои "Барқи тоҷик", нерӯгоҳи "Норак" 12 чарха бо зарфияти беш аз 300 мегаватт дорад, ки аз ин 7 адади он дар фасли зимистон пурра кор хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0