Эдвард Сноуден шаҳрванди Русия мешавад - вале мехоҳад "амрикоӣ" бимонад

© AP PhotoЭдвард Сноуден, архивное фото
Эдвард Сноуден, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Соли 2013 Эдвард Сноуден системаи вижаи амрикоиеро ошкор кард, ки ҳар амали корбарони шабакаҳои иҷтимоиро пайгирӣ менамуд

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Корманди пешини СРУ ва Ожонси амнияти миллӣ, Эдвард Сноуден мехоҳад ҳамроҳи ҳамсараш шаҳрвандии Русияро бигирад.

Дар ин бора Сноуден дар саҳифааш дар Twitter хабар додааст.

Дар баробари ин собиқ ҷосус мегӯяд, намехоҳад аз шаҳрвандии ИМА даст кашад. Ба гуфти худаш ӯ ва завҷааш амрикоӣ боқӣ мемонанд ва писарашонро мувофиқи арзишҳои "амрикоӣ" тарбия мекунанд.

Яъне озодона иброз намудани андеша яке аз чунин арзишҳо хоҳад буд.

"Ва ман бесаброна он рӯзро интизор мешавам, ки ба ИМА бозгардам, то аҳли хонавода якҷо шавад. Бузургтарин орзуи мо ин аст, ки писарамон дар куҷое, ки ба сар набарад, худро дар хонаи худ эҳсос кунад" , - гуфт Сноуден.

Чаро ИМА мехоҳад Сноуденро ба маҳкама кашад?

Соли 2013 Эдвард Сноуден системаи вижаи амрикоиеро ошкор кард, ки ҳар амали корбарони шабакаҳои иҷтимоиро пайгирӣ менамуд. Чанде аз маводҳои махфиро ӯ барои нашр ба рӯзномаҳои Washington Post ва Guardian дод.

Сноуден дар бораи барномаи назорат дар ИМА: ғайриқонунӣ ва бесамар буд

Пасон кишварашро тарк кард. Аз соли 2013 ӯ дар Русия қарор дорад. Ба Сноуден дар ин кишвар паноҳгоҳи сиёсӣ доданд.

Кучерена: филми нав тақдири Сноуденро тағйир медиҳад

Дар ИМА корманди собиқи амниятро ба ҷосусӣ ва дуздии амволи давлатӣ айбдор мекунанд. Дар он ҷо ба ӯ 30 соли зиндон таҳдид мекунад, аммо тобистони имсол раҳбари Амрико Доналд Трамп ваъда дод, ки афви ӯро баррасӣ мекунад.

Сноуден дар бораи барномаи назорат дар ИМА: ғайриқонунӣ ва бесамар буд

Ғайр аз ин, додгоҳ қарор кард, барномае, ки Сноуден дар борааш ба ҷаҳон нақл карда буд, ғайриқонунӣ будааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала