Кумитаи сармоягузорӣ шумори имтиёзҳо ба соҳибкоронро дақиқ кард

© PixabayРукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти кумитаи сармоягузории Тоҷикистон эълон кардааст, ки барои ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ба бахшҳои гуногуни кишвар 109 имтиёзу сабукиҳо пешниҳод шудааст

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон барои ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя, ба соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок дар маҷмуъ 109 имтиёзу сабукиҳо фароҳам оварда шудааст.

Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон
"Соҳибкор бо соҳибкор": Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид

Гуфта шудааст, ки танҳо дар солҳои 2016-2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил додааст, ки аз дастгирии назарраси Ҳукумати кишвар барои рушди соҳибкорӣ шаҳодат медиҳад.

Ҳамзамон масъулини Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон таъкид доштанд, ки дар натиҷаи татбиқи сиёсати ҳукумати Тоҷикистон дар ҷодаи таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ, ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба хоҷагии халқ, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ равона шудаанд, сол аз сол афзоиш ёфта, корхонаҳои азими саноатӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.

Манбаъ қайд кардааст, ки саҳми бахши хусусӣ дар Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ аз 30 дарсади соли 2000 то 70 дарсад дар соли 2020 зиёд гардида, наздики 80 фоизи пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ ва 67 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодӣ аз ҷониби бахши хусусӣ бо шуғл таъмин карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала