Сокинон аз бебарқӣ мегуянд, масъулин аз таъмиру барқи хушсифат дар зимистон

© Sputnik / Амир ИсаевХуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 Сокинони аксар навоҳии кишвар мегуянд як ҳафта аст, ки рӯзона пурра интиқоли барқ ба хонаҳояшон қатъ мешавад. Масъулини идораи барқ сабаби ин ҳолро аз таъмири сартосарӣ дар системаи барқи кишвар шарҳ медиҳанд

ДУШАНБЕ, 5 ноя – Sputnik. Маъруф Шокиров, яке аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, як ҳафта аст, ки рӯзона пурра интиқоли барқ ба хонаи онҳо қатъ мегардад.

“Аз соати 8-и субҳ то соати 17-и шом барқ хомӯш аст. Дирӯз баъд аз 18-и шом барқро доданд”, - гуфт ӯ.
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қарзи "Барқи тоҷик" ба 154 миллион доллар расид

Сокинони дигар навоҳоии кишвар ҳам аз қатъи интиқоли барқ таъкид меварзанд. Онҳо мегуянд, бебарқӣ ин ҳол ба мушкили онҳо меафзояд.

“Мо ҳамроҳи рафиқон дар як коргоҳи таъмири чархи автомобилҳо кор мекунем ва аз ҳамин кор ҳисоби зиндагиро пайдо мекунем. Аз сабаби набудани барқ қариб як ҳафта аст, кори мо ба душворӣ пеш меравад, таҷҳизотҳоро бо барқи генератор мегардонем, аммо барои ин бензин мехарем. Мизоҷон аз баланд шудани нархи хизматрасонии мо шикоят мекунанд. Дар ин миён баъзеҳо вазъи моро мефаҳманд”, - гуфт як ҳамсуҳбати мо, сокини ноҳияи Варзоб.

Хело кам шуд: коҳиши 43 дар садии содироти барқи Тоҷикистон

Баъзе аз сокинони дигар ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мушкили қатъи интиқоли барқ гуфта, аз шамъхарӣ ва мушкили пухту пази хуроки шом таъкид иброз намудаанд. Дар ҳамин ҳол масъулини шабакаҳои барқии Суғд мегуянд, лимити интиқоли барқ ба аҳолӣ ҷорӣ нашудааст, балки ҳоло бо мақсади таъмини бемаҳдуди барқ дар зимистони қарибулвуқуъ дар ҳамаи системаҳои барқи кишвар таъмир ҷараён дорад.

Тура Атамов, директори Шабакаҳои барқии Суғд, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як ҳафта инҷониб таъмир дар васлакҳо ва зеристгоҳҳои барқии шаҳру навоҳии Суғд идома дорад.

Мо ҳоло хатҳои интиқоли барқии ҳавоии шиддаташ 110 кВ ро таъмир намуда истодаем. Барои мисол рӯзи гузашта дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои безаргардонии хатҳои ҳавоии барқинтиқолдиҳанда аз паррандаҳо симхорҳо гузоша шуд. Мо таъмирро ба он хотир гузаронида истодаем, ки дар фасли сармо аҳолӣ шабонарӯз пурра бо барқи хушсифат таъмин шавад”, - гуфт Атамов.
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бебарқии хоҳари Ӯлҷабоев дар пайи таъмири НОБ – и ба номи ӯ – шарҳи "Барқи тоҷик"

Масъулони шабакаҳои барқ сабаби ба фасли тирамоҳ вогузор шудани таъмири хатҳои барқиро шарҳ дода мегуянд, ки фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои обкашӣ боис гардид, ки кор дар ин самт каме ба таъхир гузошта шудааст.

“Агар дар фасли тобистон таъмир сурат мегирифт, киштзорҳо аз беобӣ талаф меёфт, чун ки ҳамаи пойгоҳҳои обкашӣ тавассути нерӯи барқ кор мекунанд”, - зикр намуд як масъули шабакаҳои барқ.

Ахиран Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи Ширкати давлатии "Барқи тоҷик" сабаби қатъи барқ ба навоҳии мухталифи кишварро расман эълон намуда, гуфт ки ин вазъ ба зудӣ поён хоҳад ёфт. Тибқи иттилои "Барқи тоҷик", тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ-сентябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 6% коҳиш ёфта, ба 14 миллиарду 788 миллион киловатт соат расидааст. Содироти нерӯи барқи Тоҷикистон низ дар ин давра ба андозаи 43,4 дарсад коҳиш ёфтааст.

"Лимит"? : чаро дар Тоҷикистон барқкушӣ сар шуд

 

Лентаи хабарҳо
0