Аз СOVID-19 то сиёсату иқтисод: баррасии муносиботи Тоҷикистону Испания

© МИД РТМинистр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳоди Аврупо ва ҳамкории Подшоҳии Испания хонум Аранча Гонсалес Лайя гуфтугӯи телефонӣ баргузор кардааст

ДУШАНБЕ, 6 ноя - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорат,  ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буда, ҷонибҳо зарурати тавсеаи муносибатҳоро таъкид карданд.

Президент Таджикистана поздравил женщин с Днем матери - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон Рӯзи Сарқонунро ба мардум табрик гуфт: ҷавобгӯи замони нав аст

Дар ин партав шарокат ва ҳамёрӣ муҳим дониста шуд, таъкид кардааст, манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, мусоҳибон инчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Испанияро дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ карданд. Рағбати тарафайн ба таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Аврупо баён гардид.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо муовини дабири СММ мулоқот кард

Вазирон перомуни тадбирҳои пешгирии интишори СOVID-19 дар кишварҳои ҳамдигар мубодилаи афкор карда, бори дигар пойбандии худро ба муборизаи муштарак бо ҳамагирӣ ва паёмадҳои он изҳор намуданд, афзудааст манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0