Аҳмадзода иштирокчиëни барқароркунии сохти конститутсиониро аëдат кард

Обуна шудан
НовостиTelegram
Раиси вилояти Суғд дар Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон як қатор собиқадорони меҳнатро аëдат кардааст

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Бино бар иттило дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, нахуст сокини шаҳри Бӯстон, иштирокчии барқароркунии сохти конститутсионӣ Ҷумъахон Раҳимовро аëдат кард.

Ҷамбасти мусобиқаи пахтачинӣ дар вилояти Суғд ва маросими ҷоизасупорӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷамъбасти мусобиқаи пахтачинӣ: Аҳмадзода ба кадом раисони навоҳӣ мукофотпулӣ дод? - акс

Манбаъ таъкид доштааст, ки Ҷумъахон Раҳимов солҳои зиëд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият бурда, айни замон нафақахӯр мебошад.

“Хизматҳои арзандаи мавсуф бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст”, - қайд кардааст манбаъ.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо Ҷумъахон Раҳимов зикр кардааст, ки хизматҳои собиқадорон доимо аз тарафи Ҳукумати кишвар қадрдонӣ карда мешавад.

Сипас раиси вилоят ба аёдати собиқ корманди мақомоти милитсия ва иштирокчии барқароркунии сохти конститутсионӣ, сокини шаҳри Хуҷанд Ғуфрон Шарифҷонов хабар гирифт.

Манбаъ таъкид доштааст, ки Ғуфрон Шарифҷонов 71 сол дошта, барои ҳифзи тартибот ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Ҳамзамон Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Ҳамро Тоҳироваро рафта, аз хизматҳои шоистаи ӯ дар пешрафти хоҷагии халқ ëдовар шуд.

Лентаи хабарҳо
0